Хоҳаршӯям хонаамро мегирад?
Ман ҷавонзани 29- сола, модари ду фарзанд, аз шаҳри Исфара дарди бедавое дорам ва мехоҳам бо маслиҳати шумо роҳи ҳалли мушкили ба сарам омадаро пайдо намоям.
Шавҳарам як марди бемасъулияти занҷаллоб ва духтарбоз аст. Вай баъди ман боз 4 зани дигар гирифта, тарки хонаву дар намуд. Хусурам даст ба кундаи синааш зада гуфта буд, ки писарам номардӣ карда бошад ҳам, ман ҳеҷ гоҳ набераҳоямро намепартоям ва ҳамин хонаро ба номи писарат Фарух мегузаронам. Мани сода ба пеши пойи хусурам афтида дастонашонро бӯсида будам, ки ману фарзандонамро пеши ҳар касу нокас хору зор шудан намемонанд. Бо умеди он ки шавҳарам партофта бошад ҳам, хусурам моро намепартояд, хизматашонро карда мегаштам. Ба ғайр аз кору бори хона боз мисли мард дар замин меҳнат карда, картошкаю пиёз ва дигар сабзавотҳоро парвариш намуда, ба бозор бурда мефурӯхтаму
бо пули меҳнатам зиндагиро пеш мебурдам. Падаршӯю модаршӯям ҳамеша дар ҳаққам дуои нек мекарданд, вале баъди он ки духтарашон бо се кӯдак бева шуда ба хона баргашт, муносибати пиру кампир бо ман бад шуда, сояи маро аз девор метарошидагӣ шуда монданд. Хоҳаршӯям ба ҳама ҳаққу ҳамсоя гуфтааст, ки Мастураро аз хонаи акаам пеш мекунаму бо се кӯдак худам дар ин хона маза карда зиндагӣ мекунам. Ба ташвиш афтида гапу калочаи мардумро ба хусурам расондам. Падаршӯям нигоҳашро аз ман гурезонда гуфт: “Духтарам бо се кӯдак баргашт, хонаи ману кампир танг аст, барои онҳо ҷой камӣ мекунад. Аз ҳамин сабаб, мо қарор додем, ки хонаи шуморо ба номи ӯ гузаронда савоби се фарзандашро бигирем…”
Ба кӯдакони духтаратон савоб будасту ба писарони ман не, охир бачаҳои ман аз хуни шумо, фарзандони писаратон ҳастанд-ку гӯям, мӯйсафед чашмонашро ало карда “ин хонаро падару модарат насохтааст, ки даъво кунӣ” гуфту духтараш дар сарам чормағз шикаст, ки хона аз они падарам аст, онро ба касе, ки хоҳад, додан мегирад. Хулоса, гапгузарониамон ба рӯканию мӯканӣ табдил ёфту ҳамсояҳо базӯр ману хоҳаршӯямро аз ҳам ҷудо карданд. Модаршӯям тарафи духтарашро гирифта гуфт: “Писарам аз дасти ту баромада рафт. Бечора бачаамро чунон дилхунук кардӣ, ки дигар ҳатто ба хона намеояд. Аз худат ҳам безораму аз сағераҳоят ҳам, хонаи писарамро холӣ кун!” Ҳамин тавр оби дидаамро ба бари рӯям карда аз дар берун намуданд. Падару модарам пири барҷомондаанд ва зиндагии қашшоқона доранд, намехоҳам бо се кӯдакам ба онҳо дарди сари зиёдатӣ шавам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Адиба, аз ш. Исфара.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ