Собиқ раиси Ғафуров бо 40000 доллар пора дастгир шуд

Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Манонзода Абдусамад бо гирифтани 40 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони “Агентиии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд” дастгир шуд.

Бино ба гуфти сардори Раёсат полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим собиқ раиси ноҳия аз  раиси Ассосиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Р. Набиеви н. Бобоҷон Ғафуров барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба ҶДММ “Аҳматов А.” барои ҷудо кардани қитъаи замини ғайриқонунӣ соли 2014 бо қарори худ вобаста намудани қитъаи замини мазкур 14000 доллари ИМА ва автомашинаи тамғаи “Тойота-камрӣ” бо арзиши 26000 долларро ба сифати пора гирифтааст.

 Манонзода бар ивази ин миқдор пора №437 аз 13 майи соли 2014 ба  ҷамъият 2,45 га заминҳои боғоти обӣ ҷудо карда додааст. Айни ҳол нисбати собиқ раис бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди кофтуков қарор дорад.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *