Хобгоҳи омӯзгорони ДДОТ соҳиби ҳоҷатхонаву ҳаммоми иловагӣ мешавад

Дар асоси дастури Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар хобгоҳи №8 ҳоҷатхонаву ҳаммоми иловагӣ сохта мешавад.

Бино ба иттилои ДДОТ, дар хобгоҳи мазкур омӯзгорони ҷавони донишгоҳ зиндагӣ мекунанд ва ин тасмим барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити иқомати онҳо гирифта шудааст.

— Ҳоҷатхона ва ҳаммоми иловагии замонавӣ бо назардошти номусоидии шароит дар хобгоҳ зимни ташрифи ректори донишгоҳ ба хобгоҳи мазкур ба нақша гирифта шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар мавзеи мазкур ҷараён дошта, дар ҳоли ҳозир тарҳи бинои ҳаммом ва ҳоҷатхона омода гардида, то оғози соли нави таҳсил мавриди истифода қарор хоҳад гирифт,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *