Устоди ДМТ — омӯзгори беҳтарини ИДМ

Шамсулло Тағоев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар озмуни «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни омӯзгорони донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сазовори ҷойи дуюм гардид.

Аз ДМТ хабар медиҳанд, ки мақолаи пешниҳоднамудаи ӯ барои чоп дар 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин-2022» интихоб гардид. «Дар нашри 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин-2022» аз Тоҷикистон мақолаи омӯзгори ДМТ Шамсулло Тағоев ва муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Н. Хусрав Саёҳат Сафарова интихоб гардид. “Аз ҷониби кумитаи тадорукот Тағоев бо ҷойи дуюм, диплом ва медали сарисинагӣ сарфароз гардид»,- хабар медиҳанд аз ДМТ.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон (Қазоқистон) ва дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» доир гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *