Латофат Барзиева: Потенсиали маро истифода накарданд!

Санаи 19-уми июл қалби Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, актрисаи шинохта Латофат Барзиева аз тапидан бозмонд. Марҳум 74 сол дошт. Марги ӯро аҳли ҳунар ногаҳонӣ арзёбӣ мекунанд, зеро чанде пеш дар намоиши “Ишқ ва қурбониҳояш” бо иҷрои яке аз нақшҳои марказӣ ба саҳна баромада буд…

Латофат Барзиеваро қариб ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар толори матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон медидам. Ман барои таҳқиқоти илмиам мавод мекобаму эшон нашрияҳои давриро мутолиа мекунанд. “Ҳамаи газетаҳоро мехонам. Ҳам ҷумҳуриявӣ, ҳам музофотиро. Телевизион тамошо намекунам. Асабам хароб мешавад”,- мегуфт ӯ. (Баъдан, касе ба ман гуфт, ки ӯ ҳатто дар хонааш телевизор надошт). Ҳафтае, ки дар нашрияҳо навиштаи дилхоҳ пайдо намекард, бо эҳсоси норизоӣ мегуфт: “Ҳеҷ чизи нағз нест, чирту пирт, саҳифапуркунӣ…”. Ин як навъ эътирози ӯ ба мани журналист ҳам буд.

Борҳо Латофат Барзиеваро барои мусоҳиба даъват мекардам. Нахуст розӣ шуд, ҳатто рақами телефонашро дод, вале баъдан рад кард. “Ба кӣ даркор мусоҳибаи ман?” гуфта, даст меафшонд.

Каме озурдахотир буд.

Боре дар роҳрави китобхона пурсидам, ки машғули чӣ коред? Оҳи сарде кашиду гуфт:

— Ман як умр бекорам. Афсӯс, ки аз потенсили ман истифода накарданд. Умрам беҳуда гузашт.

Пас аз ин ба худ суол додам, ки оё умри Латофат Барзиева, тавре худаш мегӯяд, беҳуда гузашт? Ӯ ҳам ҳақ аст, ҳам не! Воқеан, аз тавонмандии бозигарии ӯ истифода нашуд. Номбурда актрисаи характернок буд. Амплуаи номаҳдуд дошт. Босалобату саҳназеб буд. Овози марғуладоре дошт, ки ҳадафро ба қалби тамошобин расонида метавонист.  

Ӯ соли 1973 пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолияташро шуруъ намуд ва бо силсилаи нақшҳои офаридааш худро ҳамчун актрисаи бомаҳорат муаррифӣ кард. Образҳои офаридааш аз рӯи хислату амалиёт фарқ доранд, лекин умумияташон иҷрои самимии онҳо аз сӯи ҳунарпеша мебошад. Дар бисёр намоишномаҳо нақшофарӣ кард ва бо талошу омӯзиши пурсаброна симои қаҳрамононашро пурра мекушод. «Мирзо Ризо», «Муфаттиш», «Фелисяна», «Камбағалӣ айб нест», «Қуллаи Фудзияма», «Хатро ман навишта будам», «Роҳзан ва кӯзагар», «Шоҳ Эдип», «Шоҳ Лир», «Синдбоди дарёгард», «Зебуниссо», «Дӯсти ман-душмани ман», «Умари Хайём», «Парвози Шоҳин», «Бист дақиқа бо фаришта», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Бой ва хидматгор», «Раъду барқ», «Ҷияни хира», «Афсонаҳои мӯйсафед», «Моҷаро дар Кёза», «Дохунда», «Интизорӣ», «Парвози Сабзабаноз» аз ҷумлаи спектаклҳоеянд, ки истеъдодаш дар онҳо ҳувайдо гардидааст. Дар бисёр намоишномаҳои кӯдакона низ ҳунар озмудааст. Тавонмандии ҳунарии ӯ дар спектаклҳое, ки Ҳошим Гадо ба саҳна гузошта буд, кушода шудааст.

Латофат Барзиева дар филмҳо ва намоишҳои телевизионӣ низ нақшҳои ҷолиб офаридааст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар филмҳои “Рамида” ва “Саргардонӣ”-и режиссёр Абдулҳай Зокиров дар дили тамошобин маъво гирифтаанд. Бештар нақшҳои ҳаҷвӣ иҷро мекард. Ӯро солҳои охир ҳамчун иҷрокунандаи нақши хушдоманҳои золим шинохта буданд.

Вале зоҳиран, Латофат Барзиева аз тақдири ҳунариаш розӣ набуд. Пас аз он, ки аз Театри Лоҳутӣ рафт, муддате бекор буд. Хушбахтона, Театри “Аҳорун” ӯро ба кор ҷалб кард. Кам ба саҳна мебаромад, вале ба ҳар ҳол хумор мешикаст. Чанде пеш дар спектакли “Ишқ ва қурбониҳояш” ба саҳна баромада буд. Пас аз намоиш пушти саҳна табриккунӣ рафтем. Гуфт: “Ташаккур ба ҷавонҳои театр, маро ба саҳна баргардониданд”. Нақшофарӣ дар ин спектакл лаҳазоти ахири умри ҳунарпеша будаанд…

Охирин маротиба банда Латофат Барзиеваро дар таҷлили ҷашни 85-солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марям Исоева дидам. Ӯ ба саҳна баромада, ин устоди ҳунарро табрик карду ҳамагонро ба ҳайрат гузошт, зеро қазияи ин ду ҳунарпешаро барои як нақш аҳли ҳунар медонанд.

Дар нахустнамоиши “Шоҳ Эдип” Марям Исовева ва Латофат Барзиева ҳамбозӣ (дублёр) буданд. Нахустнамоишро бояд Исоева бозӣ мекард. Вале дар рафти намоиш Исоева аз пушти саҳна набаромада, Барзиева, ки пинҳонӣ либос пӯшида, грим карда, дар қатори аввал, байни тамошобинон менишаст, ба саҳна мебарояд ва нахустнамоишро иҷро мекунад. Мегӯянд, он рӯз нотакрор буд. Бо Ҳошим Гадо саҳнаро таркониданд. Гарчанде ин амалаш сабаб шуд, ки корро дар ин театр барои муддате қатъ кунад.

Бинобар ин, ба табрики Марям Исоева омадани Латофат Барзиева ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Имрӯз сабаби омаданашро дарк мекунам…

Латофат Барзиева дар саҳнаи тоҷик нақши абадии хешро гузошт. Ӯро тамошобин ҳамеша ба некӣ ёд хоҳад кард. Ёдаш ба хайр!

Н. ОДИЛ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *