Путин дар Теҳрон. Ситоиши Хоманаӣ аз амалиёти низомии Русия дар Украина

Оятуллоҳ Хоманаӣ зимни мулоқот бо Владимир Путин “ибтикор”-и ӯро барои амалиёти махсуси ҳарбӣ дар Украина ситоиш карда, гуфт: «Агар дар қазияи Украина шумо ибтикори амалро ба даст намегирифтед, тарафи муқобил бо ибтикори худ сабаби сар задани ҷанг мешуд».

Нишасти мухолифони Ғарб

Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳадафи ширкат дар нишасти “Раванди Остона” ба Эрон сафар карданд. Дидору мулоқоти сарони Эрон, Русия ва Туркияро, ки дар меҳвари он авзоъи Сурия қарор дошт, коршиносон ҳар хел баҳогузорӣ карданд. Нашрияи олмонии Die Welt ин мулоқотро “вохӯрии мухолифи Ғарб” арзёбӣ кард.

Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияи поёнии худ ба унвони кафилони музокироти Остона дар Теҳрон таъкид карданд, ки даргириҳои Сурия ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ надоранд.

ИРНА менависад, ки дар ин мулоқот роҳбарони ин се кишвар азми худро барои идомаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм дар ҳамаи заминаҳо иброз кардаанд.

“Дар баёнияи муштараки руасои ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия дар нишасти сеҷонибаи сарон дар чорчӯби раванди Остона омадааст, ки се кишвар (Эрон, Русия, Туркия) бар таъаҳуди худ ба ҳокимият, истиқлол, ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия ва ҳамчунин ба аҳдоф ва усули маншури Миллали Муттаҳид таъкид ва тасреҳ карданд, ки ин усул бояд мавриди эҳтироми ҳамагон буда ва ҳеҷ иқдоме фориғ аз омилони он набояд ин усулро тазъиф намояд”,- менависад манбаъ.

Дар доираи ин сафар ҳамчунин дидору мулоқоти Владимир Путин бо роҳбарияти олии Эрон — Иброҳими Раисӣ ва Алии Хоманаӣ сурат гирифт.

Ситоиши Хоманаӣ аз Путин

Владимир Путин, президенти Русия бо раҳбари ин кишвар Алии Хоманаӣ низ мулоқот кард.

Тибқи гузориши вебсайти расмии Оятуллоҳ Хоманаӣ, ӯ дар ин мулоқот бо Путин гуфтааст, ки «дар қазияи Украина агар шумо ибтикори амалро ба даст намегирифтед, тарафи муқобил бо ибтикори худ сабаби сар задани ҷанг мешуд».

Изҳороти раҳбари Эрон ба шакле такрори яке аз иддаоҳои Русия дар ҳамла ба Украина аст, ки мегӯяд, Ғарб дар садади роҳандозии ҷанг алайҳи Русия будааст. Аммо Русия дар ин бора далелҳои муътамаде пешниҳод накардааст ва кишварҳои ғарбӣ ҳам ин иддаои Русияро ҳамеша рад кардаанд.

Русия мегӯяд, ки нигаронӣ аз густариши НАТО ба Украина аз сабабҳои ин ҳамла будааст ва Хоманаӣ низ рӯзи сешанбе дар мулоқот бо Путин гуфт, ки ба бовари ӯ, «агар роҳ дар муқобили НАТО боз бошад, ҳадду марзе намешиносад ва агар роҳи он дар Украина гирифта намешуд, муддате баъд ба баҳонаи Қрим, ҳамин ҷангро ба роҳ меандохтанд».

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард.

Дар ин мулоқот Хоманаӣ ва Путин гуфтаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Эрон дар пайи таҳримҳои Ғарб, «зарурӣ ва ба нафъи ҳар ду кишвар» аст.

Ба гузориши хабаргузории «Рейтерз», Юрий Юшаков, мушовири сиёсати хориҷии Путин ба хабарнигорон дар Маскав дар робита ба мулоқоти Путин ва Хоманаӣ гуфтааст, ки «дар бештари масъалаҳо назари мо наздик ё яксон аст».

Путин дар умум бо раҳбари Эрон Алии Хоманаӣ панҷ бор мулоқот кардааст. Ин нахустин сафари Путин ба Эрон дар даврони президентии Иброҳим Раисӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *