Холиқназар Ҷумъазода: Ҷабрдидае, ки ҷаббор шуд
Шакарханд
Дарси таърих. Муаллим ба донишҷӯён аз таърихи пайдоиши Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, гуфт:
— Бо ба итмом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон зарурияти ташкили як созмони умумиҷаҳонии қудратманде ба миён омад, ки тавонад ба чунин ҷангҳои бераҳмона роҳ надиҳад ва ҳуқуқу манфиатҳои ҳама давлатҳову миллатҳои ҷаҳонро ҳимоя кунад. Бо ҳамин ният 50 давлати дунё ҷамъ омада, СММ-ро таъсис доданд.
Донишҷӯе даст бардошта, пурсид:
— Устод. Нахустин коре, ки Созмони Милали Муттаҳид баъди ташкили худ анҷом дод, чӣ буд?
— Нахустин коре, ки СММ анҷом дод, яҳудиҳои аз чанголи фашистон наҷотёфтаро ҷамъоварӣ карда, барояшон дар қисми шарқии Баҳри Миёназамин давлатеро бо номи Исроил таъсис дод. Яъне, давлати имрӯзаи Исроил, ки яке аз нерӯмандтарин давлатҳои ҷаҳон ҳисобида мешавад, нахустмеваи СММ аст,- гуфт муаллим.
— Шумо гуфтанӣ, ки давлати Исроил нахустфарзанди СММ аст?,- пурсид донишҷӯ ва илова кард:
— Пас чаро ин фарзанд алъон ҳатто гапи падари худро гӯш намекунад?
— Чунки, дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки аз тарафи Олмони фашистӣ оғоз ёфта буд, яҳудиҳо душвортарин марҳилаҳои ҳаётро аз сар гузаронида, дар зери ҷабру зулми сахти фашистон калон шуданд ва ин аст, ки бо мурури замон худ низ бераҳмтар аз фашистон шудаанд.
— Аҷаб муъҷизае, муаллим, хеле аҷаб,- гуфт донишҷӯ.
— Чӣ муъҷизае?,- пурсид муаллим бо кунҷковӣ.
Донишҷӯ гуфт:
— Бобои раҳматиям мегуфтанд, ки агар инсон зиёд ҷабр бинад, ба ҷаббор табдил меёбад. Нав ман фаҳмидам, ки чаро давлатдорони яҳудӣ ин қадар фашистмаоб шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ