Неймар ҷарроҳӣ шуд

Пойи Неймар Ҷуниор, футболбози бразилиягӣ, ки ҳамзамон ҳамлавари дастаи арабии «Ал-Ҳилол» аст, дар Бразилия ҷарроҳӣ шуд.

Гуфта мешавад, ки даҳаи дуюми моҳи октябр дар вақти бозӣ дар ҳайати тими мунтахабаш футболбоз ҷароҳат бардошта буд.

Вобаста ба ҳолати кунуниаш Неймар дар саҳифааш чунин навишт:

“Сипос барои суханҳоятон. Ман хубам ва барқарор мешавам”.

Ёдовар мешавем, ки Неймар аз бошгоҳи “ПСЖ” ба “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ гузашт ва ин гузариши ӯ давоми гузаришҳои ситораҳои футболи ҷаҳонист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *