Хона ба хона тақсим шудани Қонуни танзим

Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти давлатӣ тақозо кард, ки баъди қабул шудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», хона ба хонаи мардум гашта мӯҳтавои онро шарҳ диҳанд. Президент дар як изҳороташ рӯзи 16 август гуфтааст, ки дар ин сурат қонун ба зеҳни мардум ҷо шуда иҷрои он ҳам беҳтар ба роҳ монда мешавад.

Президент Раҳмон, ки шахсан худаш ташаббускори қабул шудани қонуни танзими маъракаҳои мардумӣ буда, рӯзи 11 август дар амри такмиу ташдидёбии муқаррароти он тарҳи пешниҳодҳои навро ба парлумон ироа кард, гуфтааст, ба ҳар як сокини Тоҷикистон бояд як нусха қонун тақдим шуда, имзои ҳар нафар гирифта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки чунин иқдом ба хотири таъмини «иҷрои баробари қонун» мебошад. Ҳадафи аслии ин қонуни баҳсбарангез, ки соли 2007 қабул шуд, ба қавли мақомот, танзими харҷу хароҷоти беҳуда ба ҳангоми ташкили маъракаҳои хонагӣ ва тарбияи фарҳанги иқтисод ва пешгирӣ аз исрофкорӣ мебошад. Бархе сокинон аз пешбинӣ шудани муҷозоти маъмурӣ барои ин қонунро мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Дар суханронии худ президент инчунин таъкид кардааст, ки дар ин қонун ҳамчунин риоя кардани сарулибоси миллӣ ҳам ворид хоҳад шуд. “Мо намегузорем, ки дигар тақлид кунанд. Ҳамаи ин ғамхорӣ дар ҳаққӣ мардум аст”, — гуфт раиси ҷумҳур. Манзури ӯ аз «тақлид» ҷилавгирӣ аз пӯшидани либоси мазҳабии фарҳангу миллатҳои дигар аст. Мақомот пӯшидани ҳиҷобу сатрро хоси кишварҳои бегона медонанд ва мегӯянд, ифротгароӣ аз таваҷҷӯҳ ва майл ба либоси бегон шурӯъ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *