Хонаҳои чакон ва соҳибони ҳайрон

Мо тут мегӯем, онҳо бед…

Ё фасли “кашон-кашон” муборак!

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд наздики 500 хонаи баландошёна ҳаст, ки аз ин 294 адади он дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд ҷойгир шуда, наздики 18 ҳазор ҳуҷра доранд. Сокиноне, ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, бештар ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд. Аз ҷумла, дар фасли зимистон ба норасоии оби ошомиданӣ ва дар фасли баҳору ҳам зимистон ба чакидани боми хонаҳо. Имрӯз тибқи иттилои директори Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд Акрам Нурбоев, аз шаҳрвандон барои як метри мураббаъ 21 дирам ва аз нафароне, ки дар хонаҳои давлатӣ зиндагӣ мекунанд, 18-дирамӣ маблағи хизматрасонии коммуналӣ, яъне хонапулӣ гирифта мешавад.

Сулҳиябону Муъминова -истиқоматкунандаи микроноҳияи 20,  бинои 17:

-Ман дар ошёнаи 4-уми бинои 17-уми маҳаллаи 20-ум зиндагӣ мекунам. Вақти борон аз чор тарафи девори хонаам об мечакад ва дар фасли зимистон доимо сатилеро барои оби бом  паси телевизери хона мегузарам.  Доимо хонаам   нам аст. Дар сари намозам низ дуо мекунам, ки борон набораду аз чор тарафи хонаам об нашорад.

Барои таъмири бом аз раиси бино сар карда, то ҳукумати шаҳрӣ муроҷиат кардам. Аммо ҳама бенатиҷа. Бар ҳар ҷое, ки муроҷиат мекунам, танҳо як ҷавобро мешунавам: ”Барои таъмир маблағ надорем”.  Ду рӯз пеш  назди домком рафтам ва ҳолати хонаамро баён доштам. Ӯ гуфт, ки шумо бояд барои рӯйпӯш кардани як қисми бом (болои хонаатон) ду донагӣ толи эронӣ харед…

Мани нафақахӯр 150 сомонӣ  хонапулӣ,  80 сомонӣ андоз месупорам. 35 сол аст, ки дар ҳамин бино иқомат мекунам. Аммо ёд надорам, ки  ин бино рӯи таъмирро дида бошад. Барои таъмир ва дигар корҳо аз сокинон маблағ ҷамъ мекунанд, пас барои чӣ мо боз шартнома баста, ҳар моҳ маблағи иловагӣ диҳем, бе ин ҳам барои ҳар коре, ки мекунанд, маблағ медиҳем?  Ин чӣ гап, ки  ҳам андоз месупорему ҳам хонапулӣ ва боз дар зери борон мешинем?

Қиматой Қурбонова — раиси бинои 16-и  микроноҳияи 20 :

-Бинои мо на сирф давлатист ва на хусусӣ. Ин бино қисман аз давлат ва қисман хусусӣ аст. Аз ин лиҳоз масъалаи таъмир ва дигар шикасту рехти бино пурра ба зиммаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд нест. Аммо бо вуҷуди ин, проблемаи болопӯш кардани бино, таъмири даромадгоҳҳои он ва ба ин монанд масъалаҳо бе дастгирӣ ва дахолати масъулин мушкилҳалшав аст.  Масъалан, ду сол пеш, яъне соли 2014 мо аҳли истиқоматкунандагони бино 1000 сомонӣ пул ҷамъ кардем. Ин пул ҳам барои шикасту рехти бино буд ва ҳам пурра болопӯш кардани он. То замони болопӯш кардани боми бино шикояти истиқоматкунандагони бино хосатан сари чакидани хонаҳо зиёд буд. Аммо бо баробари болопӯш кардани бом ин проблема бартараф шуд. Айни замон проблемаи  паст будани қувваи барқ дар бино барои истиқоматкунандагонаш боқӣ мондааст, ки  ин ба масъалаи тақсимоти линияҳо вобастагӣ дорад.

Адолат Усмонова -раиси бинои 32-и  микроноҳияи 20:

-Ман худам  раиси бино бошам ҳам, боми хонаам мечакад. Ҳар гоҳе ки  борон борад,  об аз тамоми дару девори хонаам мешорад. Ҳозир на ҳаммоми хонаам свет дораду на ошхонаам. Чунки то боми бинои мо пурра болопӯш нашавад, орзуи бо қувваи барқ таъмин кардани ҳаммому ошхонаамро накунам ҳам мешавад. Агар  мушкилоти барқ ва ё қубурҳои обу ташноб пайдо гардад, то аз аҳолӣ маблағ ҷамъоварӣ накунанд, кормандони ин корхона омада, хизматрасонӣ намекунанд.

Алишер Охунов, сокини шаҳри Хуҷанд:

— Сокинони биноҳои баландошёна дар шаҳрҳо аз идораҳои хидматрасонии манзилию коммуналӣ розӣ нестанд. Дар фасли сармо барфу борон аз боми бино ба манзили сокинон ҷорӣ мешавад. Барои хизматрасонӣ аз ҷониби идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ тибқи шартнома бо сокинон барои таъмир бино барои ҳар метри мураббаъ маблағ гирифта мешавад. Вале дар аксар маврид мушоҳида мешавад, ки аз ҷониби ин ниҳод биноҳо таъмир намешаванд ва сокинони биноҳои баландошёна маҷбур мешаванд бо ҷамъоварии маблағи худӣ — бом, даромадгоҳ ва даҳлези биноҳоро таъмир намоянд.

Баҳриддинхӯҷа Нозимов — муовини директори намояндагии КВД “ХМК” Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд:

-Фаъолияти мо тариқи шартнома сурат мегирад. Новобаста  аз он ки биноҳо давлатианд  ё хусусӣ мо, танҳо тариқи шартнома  ҳамкорӣ мекунем. Аз рӯи шартномае ки байни истиқоматкунанда ва Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд баста мешавад, онҳо бояд таъмири қубурҳои обу ташноб, кабудизоркунӣ ва таъмири болопӯши бино, нигаҳдории гирду атрофи бино ва ба монанди инҳоро иҷро намоянд. Аз таҷрибаи 11-солаи фаъолияти худ гуфта метавонам, ки шикояти умумии шаҳрвандон аз бетаъмир будани таҳхона, таъмири даромадгоҳ, таъмири бомҳо ва монанди инҳо иборат аст. Мо намояндагии КВД “ХМК” Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳастем. Бинобар ҳамин, аз масъалаи шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкалов ба зиммаи корхонаи мо нест. Онҳо низ дар навбати худ аз корҳои худ ва шикояти сокинону дигар мушкилоташон  ба мо ҳисобот намедиҳанд.

Нӯъмон Раҷаб-сокини шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи  бинои 32, маҳаллаи 13-уми шаҳр:

-Имрӯзҳо, ки ҳаво боронӣ аст, ба қавли бархе аз сокинони биноҳои баландошиёна, хосатан онҳое, ки дар қабати болоии бино истиқомат мекунанд, фасли ғамборӣ ва  сарборӣ аст, ки ҳар рӯзи борон мисоли мурчаҳо кашон-кашон маҳсулоти ғизоии худро аз ин гӯша ба он гӯшаи хона мекашонанд ва ин кор то фарорасии фасли тобистон идома меёбад.  То кай ин идома меёбад, мо намедонем…

Фарзона Муродӣ,

шаҳри Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *