14,65 дирам барқ ҳанӯз ҳам арзон аст?

 Пас  аз се рӯз мардум аз рӯи нархномаи нав музди истифодаи барқро месупоранд, ки қариб 17 фоиз аз пешина  зиёдтар аст. Акнун барои як киловатти истифодашуда 14,65 дирам месупорем!

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” нархгузории нав, ки аз 1-уми ноябр мавриди амал қарор мегирад, барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон тадбири муҳим ва ногузир мебошад.

Ба қавли онҳо, одамон  ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар неругоҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад, аммо “Дар асл бошад, баробари дигар хароҷот — таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ ҳатто барои об ҳам пул сарф мегардад. Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад”, —  мегӯянд дар ширкат.

“Барқи тоҷик” хулосаи ташхиси ширкати Олмонии “Fichtner”-ро зикр кардааст, ки андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани неругоҳҳои Норак, Қайроққум, силсиланеругоҳҳои Вахш ва Варзоб, инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад: “Аз рӯи нақша барои танҳо таҷдиди неругоҳҳо дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Барои неругоҳҳои барқи обӣ муҳлати кафолатии истифодаи бехатари таҷҳизоти асосӣ 40 сол муайян карда шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои Норак солҳои 1972-79, Сарбанд солҳои 1962-63, Қайроққум солҳои 1956-57, “Варзоб-1” соли 1936, “Варзоб-2” соли 1949,”Варзоб-3”  соли 1952 ба истифодабарӣ дода шудаанд. Онҳо алҳол барои таҷдиду модернизатсия сахт эҳтиёҷманд гардидаанд”.
Ширкат мегӯяд, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисон, барои кори муназзам ҳанӯз дар соли 2010 тарифи миёнасолаи нерӯи барқ бояд ба 2,5 сенти ИМА баробар мешуд, ки ин асоси бартараф намудани вазъи ногувори молиявии «Барқи Тоҷик» ва таъмин намудани худмаблағгузории соҳа буд.

Дар иттилоияи ширкат ҳамчунин  таъкид шудааст, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба тарифи неруи барқи дигар давлатҳои ИДМ хеле арзон мебошад: “Барои мисол, тибқи маълумотҳои расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, дар соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ дар Ӯзбекистон – 3,9 сент, дар Россия – 4,59 сент, дар Озарбойҷон – 3,3 сент, Арманистон – 8,38 сент, Беларус – 10,93 сент, Молдова – 8,91 сент ва Украина – 6,52 сентро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон бошад, тарифи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ 1,51 сентро ташкил медод”. Шояд ин гуфтаҳои  ягона ширкати барқрасони мо (Агар “Помир энержи”-ро ҳисоб накунем) асоснок бошад, мардум  миннатдор шаванд, ки аз ин бадтар нашуд.  Вале мо миннатдорем, ки акнун агар як термекси обгармкунӣ, ки дар як соат тақрибан 2  киловатт неру “мехӯрад” дар як шабонарӯз  10 соат кор кунад, бояд 3 сомонӣ  ва дар як моҳ қариб  сад сомонӣ маблағ супорем. Равшанӣ, гармкунӣ (бухориҳои барқӣ, ки дар як соат 1-1,5 киловатт неру лозим), яхдон, хӯрокразӣ, ришгирию мӯйхушккунӣ ва ниҳоят телефонпуркунӣ низ  ягон сад сомонӣ мешавад. Агар дағал карда гӯем, дар моҳ дусад сомонӣ танҳо пули барқ мешавад. Онҳое, ки кор мекунанд, ба ҳисоби миёна 700 сомонӣ маош мегиранд. Агар 200 сомонӣ барои барқ супоранд, ин 35% маошро ташкил медиҳад. Пас, бо виҷдони соф дар назди “Барқи тоҷик” метавонанд пули боқимондаашро барои хӯроку обу нону хонапулию  андози хонаю либоси худашу зану бачаҳояш, инчунин барои истироҳату духтуру …сарф кунад, ки ин рӯйхат охир надорад. Онҳое,ки нафақа мегиранд ва ё ҷои кори доимӣ надоранд- чӣ?  Минбаъд қабл аз чой нӯшидан чанд бор андеша мекунед, ки “ҳамин зарур аст?” Зеро агар як чойники “Тефал” чой ҷӯшонданӣ шавед, бояд чанд дирам (агар дар як соат 0,5 киловатт қувва истифода барад) ба болои миз гузореду баъд пиёлаи чойро ба даст гиред.

Ҷонибдорони балндшавии нархи барқ иддао доранд,ки “агар нархи барқро баланд кунанд, истифодаи он камтар мешавад ва ба ҳама 24 соат барқ мерасад”.  Бигзор  ҳамту шавад, вале дар  гумон аст. Зеро равшанию гармӣ мисли нон ба ҳама зарур аст ва бе он зиндагӣ тоқатфарсост. Яъне,  касе  ба умеди сарфа шуда, ҷони худро ба гарав намегузорад…Бояд ягон роҳи дигари ҳалли масъаларо ёфт…

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *