Хонаашонро фоҳишахона карданду….
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ду рӯзи охир фаъолияти ду фоҳишахонаро дар шаҳри Душанбе ошкор кардаанд. Як зани 21-сола ва як зани 55-сола ба он айбдор мешаванд, ки манзилҳои истиқоматии худро барои алоқаи ҷинсӣ соатакӣ бо нархи 150 сомонӣ барои як соат аз ҳар ҷуфт ба иҷора медоданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 21-солаи сокини ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар ташкил ва ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 9-уми январи соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Маяковски шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 24-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва зани 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ номбурда, рӯзи 6-уми декабри соли 2017, тахминан соати 12:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 26-солаи сокини ш.Қӯрғонтеппа барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ