ХОНАИ АТОМУҲАММАДИ НУРРО ТИРБОРОН КАРДАНД

Атомуҳаммади Нур – пешвои асосии тоҷикони Афғонистон амалан тамоми Шимоли Афғонистонро дар ихтиёр дорад.

1-июн ба ҳавлии собиқ волии Балх, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон Атомуҳаммади Нур ҳамла сурат гирифт.
Дар ин бора хабаргузории Тolonews хабар додааст.
Шахсони номаълуми ҷагҷӯ хонаи Ато Муҳаммади Нурро воқеъ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон мавриди гулӯлаи минемёт қарор додаанд, ки дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шудаанд. Вале худи Атомуҳаммади Нур осеб надидааст.
Тибқи иттилои манбаъ ин ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки Атомуҳаммади Нур зимни як ҷаласа бо бархе аз сиёсатмадорони дигар дар бораи вазъи амниятии вилояти Балх гуфтугӯ мекарданд.
Атомуҳаммад Нурзода сиёсатмадори тоҷиктабор, яке аз қумондонҳои муҷоҳидини Афғонистон ва муовини Ҷунбиши миллӣ ва ҷанги дохилии зидди Толибон ба шумор меравад. Ӯ аз соли 2004 то 2018 волии вилояти Балх буд. Ӯ ҳамчунин аз соли 2020 то ба имрӯз раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистонро ба дӯш дорад.
Атомуҳаммади Нур – пешвои асосии тоҷикони Афғонистон амалан тамоми Шимоли Афғонистонро дар ихтиёр дорад. Дар айни замон тибқи маълумотҳо артиши шахсии Ато Муҳаммад Нур 60 000 ҷанговар ва се гурӯҳи пурқудрати милитсия иборат аз 12000 нафарро дар бар мегирад. Манбаъҳо мегӯянд, ки дар сурати сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон Ато Муҳаммад Нур қодир аст, ки шимоли кишварро зери тасарруфи худ дарорад.
Пас аз оғози хурӯҷи нерӯҳои ИМА ва муташанниҷ гаштани вазъият дар Афғонистон, махсусан дар шимоли кишвар Атомуҳаммади Нур либоси низомӣ ба бар карда, ба сангари муқовимат бо Толибон баргашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *