Даргузашти доктор Мансурова,духтари Мансуров

Фарида Ҳамидовна Мансурова, доктори илмҳои тиб, профессор, духтари табиби машҳури тоҷик академик Ҳамид Мансуров, рӯзи 1 июл дар Душанбе дар синни 69 вафот кард.

Фарида Ҳамидовна Мансурова 2 майи соли 1952 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи академик Ҳамид Мансуров ва Ирина Мансурова ба дунё омада, соли 1975 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардаст.
Ӯ то соли 1977 дар ҳамин донишкадаи ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталӣ буд ва сипас ба ҳайси корманди хурд ва калони илмии шуъбаи ҷигару ғадуди зери меъда (1977—1984), мудири лабораторияи биохимияи клиникӣ (1984—2002), ҷонишини директор оид ба илми Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон (2002—2010), мудири лабораторияи Маркази биология ва тибби инавиатсионӣ (аз 2010) кор кардааст.
Фарида Мансурова муаллифи беш аз 250 таълифоти илмист, ки ба роҳҳои табобат ва пешгирии санги талхадон бахшида шудаанд. Тадқиқоти илмиаш оид ба масъалаҳои гуногуни гепатология ва гастроэнтерология низ ҷолиб аст.
Ӯ соли 1998 рисолаи докториашро ҳимоя карда, соли 2007 сазовори унвони профессор шуд.
Падари ӯ академик Ҳамид Мансуров (1925-2013) яке аз беҳтарин табибони тоҷик ба шумор мерафт. Клиникаи назди Пажуҳишгоҳи гастероэнтерологияро дар Душанбе то ҳол ба шарафи ӯ клиникаи академик Мансуров меноманд.
Китобҳои Фарида Мансурова:
• Гелиотропная гепатоангиопатия (Болезнь Мирочника — Мансурова). — Д., 1995;
• Желчнокаменная болезнь в Таджикистане. — Д., 2004;
• Клинические очерки по гепатологии и гастроэнтерологии. — Д., 2006;
• Перекисное окисление липидов и антиперекисная защита ӯ больных вирусными поражениями печени. — Д., 2006;
• Некоторые вопросы биохимии билиарного сладжа. — Д., 2006;
• Метаболический синдром спроявлением желчнокаменной болезни. — Д., 2007

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *