Хонаи дуҳуҷрагии раиси шаҳри Душанбе ба Дилшод Назаров

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев калиду ҳуҷҷатҳои хонаи дуҳуҷрагиро ба Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия туҳфа кард. Ин рӯйдоди фараҳбахш 16-уми декабр ҳангоми маҷлиси Шӯрои ҷавонони пойтахти кишвар, ки дар «Душанбеплаза» баргузор шуд, ба миён омад. Инчунин бо тасмими шаҳрдорӣ Дилшод Назаров дар ин маросим «Шаҳрванди ифтихории Душанбе» эълон шуд.
Худи Дилшод Назаров дар ин бора хабар дода афзуд: “Манзили наве, ки ба ман раиси шаҳр муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев туҳфа овард, дар қабати 4-уми бинои нави бисёрошёна, дар кӯчаи Деҳлавии маркази пойтахти кишвар, ҷойгир шудааст.”
Зимнан, аз ин пеш Дилшод Назаровро барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I ва 300000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида буд…
Инчунин, ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвориро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ифтихори Дилшод Назаров номгузорӣ кардааст. Дилшод Назаров метавонад аз ин нуқта ба таври ройгон ва доимӣ барои мошини шахсиаш сӯзишворӣ истифода кунад.
Феълан Дилшод Назаров дар Душанбе ба мусобиқоти бузурги соли оянда, ки чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё омодагӣ мегирад.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *