Ғалабаи 21-уми “Тоҷики тиллоӣ”

Ғалабаи 21-уми Соҳиб Усаров  дар бокси касбӣ

Муштзани тоҷик Соҳиб Усаров, ки дар бокси касбӣ бо тахаллуси “тоҷики тиллоӣ” маъруф аст, ғалабаи 21-уми худро ба даст овард.

Муштзани тоҷик Соҳиб Усаров дар як сабқати бокси касбӣ (ҳирфаӣ) дар вазни то 59 килограмм, ки дар пойтахти Латвия — шаҳри Рига  баргузор шуд, бар муштзани гурҷӣ Гиорги Гачечиладзе ғалаба кард.

Баъди ҳуҷумҳои паиҳам ва силсилаи зарбаҳои нишонраси Соҳиб Усаров муштзани гурҷӣ дар охири раунди чаҳорум аз идомаи қувваозмоӣ даст кашид ва ӯ ғолиб дониста шуд.

Зимнан, Соҳиб Усарови 32-сола дар бокси ҳирфаӣ то ҳоло ягон қувваозмоиро набохтааст. Вай дар ҳамаи 21 қувваозмоӣ, аз ҷумла дар 7-тоаш бо нокаут пирӯз шудааст.

Соҳиб Усаров 5-уми декабри соли 1983 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ба бокс аз синни 15-солагӣ машғул аст. Вай аз соли 1999 дар Маскави Русия ба сар мебарад ва феълан мураббии бокс мебошад.

Соҳиб аз соли 2006-ум, яъне аз синни 22-солагӣ, дар сабқати бокси ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар соли 2004 Ҷоми Чинро дарёфт намуда, унвони чемпиони Русияро соли 2008 соҳиб шуда, чемпиони секаратаи Маскав, ғолиби дукаратаи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ғолиби чоркаратаи Ҷоми Маскав, ғолиби дукаратаи мусобиқаи дараҷаи «А»-и бародарон Кличко мебошад.

Мавқеи беҳтарини Соҳиб Усаров дар феҳристи ҷаҳонии ВOXREC мақоми 5-ум дар соли 2012-ум аст. Усаров 2-юми октябри соли 2009 рақибаш Александр Фёдоровро шикаст дода, ба унвони чемпиони Урупо аз рӯи фарзияи Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) даст ёфтааст.

Соҳиб Усаров 4  феврали соли 2012 дар Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар қаҳрамони Олимпиадаи соли 2004 ва чемпиони ҷаҳон (2001) кубагӣ Ян Бартелеми пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби камарбанди WBO Inter-Continental дар вазни дуюми сабуктарин шудааст.

Соҳиб Усаров ба унвони баланди Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мушарраф шуда, қаҳрамони Урупо аз рӯи фарзияи WBO (2009) ва  WBO Continental (2012) дар вазни дуюми сабуктарин гаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *