Хонаи иҷора — фоҳишахона
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 35-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.
Номбурда, санаи 21 ва 23-юми январи соли 2018, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро ба фоҳишахона табдил дода, ба 2 нафар зани 35, 37-солаи сокинони шаҳри мазкур ва 2 нафар мардони 23-солаи сокинони ноҳияи Бохтар барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ