170 ҷинояти ҷавонон  дар “Соли ҷавонон”

 Дар вилояти Суғд 170 адад ҷиноят аз ҷониби 145  ноболиғ амалӣ карда шудааст. Аз ин теъдоди ҷиноятҳо 103-дуздӣ, 19- авбошӣ, 19 қасдан расонидани  зарари вазнин ва миёна ба саломатӣ, 7 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, 6 ҷинояти ахлоқӣ, 3 ғоратгарӣ  2 қаллобӣ ва 11адад  дигар намуди ҷиноятҳо мебошад, ки бо иштироки ноболиғон содир шудааст.  

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд  генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо  гуфт, ки ноболиғон 114 ҷиноятро дар танҳоӣ ва 56 ҷиноятро дар ҳайати гурӯҳ содир кардаанд:-“Аз шумораи умумии ноболиғони ҷиноятсодиркарда 75 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 9 нафарашон толибилмони омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ба шумора рафта, 61 нафарашон дар ягон ҷо таҳсил ё кор намекунанд”-афзуд Назарзода.

                                                                           Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *