Хонаи Маҳмадраҷаб сӯхта хокистар гашт

Дирӯз дар деҳаи Нилӯи ҷамоати Хонакӯҳи кӯҳии ноҳияи Ҳисор дар хонаи Маҳмадраҷаб  Каримов сӯхтор ба вуқӯъ омада тамоми дороии хонаводаашро ба хокистар табдил додааст.

Тавре ба хабарнигори сомонаи  “Tajikistantimes.tj”яке аз наздикони ин хонавода хабар дод, сӯхтор аз расиши кӯтоҳи ноқил ба вуҷуд омада, тамоми таҷҳизотҳои хона аз қабили ду телевизион, яхдон, рахти хоб, курпаву кӯрпача ва қолинду пардаҳои замонавӣ ба оташ рафта, зарардидагон  ягон ашёи сиҳатро ба дасат наовардаанд.

Мавсуф зикр намуд, ки ҳамон шаби ҳодиса падари хонаводаи Маҳмадраҷавбо ҳамсару келинаш ба меҳмони рафта буданду писари хурдияш бо ҳамсараш дар хона буданд вале аз сӯхтори ба вуҷуд омада, бехабар монданд.  Тақрибан соатҳои 12-и шаб ҳамсояҳо аз ин ҳодиса хабар ёфта ба хадамоти сухторхомушкунӣ хабар доданд. Вақте онҳо ба макони ҳодиса расиданд,  алангаи оташ ҳамаро ба коми худ гирифта буду дар лаҳзаҳои охир кормандони хадамоти сухторхомӯшкуни боқимондаҳои оташро хомӯш намуданд.

Дар ҳоли ҳозир бо ҳамдастии раиси маҳала Курбон Ниёзов ва кӯмаки иқтисодии сокинони деҳа хонаро таъмир ва чиҳозҳои зарардидаро аз нав барқарор намуданд гуфт дар охири суҳбат яке аз ин пайвандони ин хонавода.

Рустам Азимӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *