«АМА Груп» кори соҳибкоронро осон мекунад

ҶДММ “АМА Груп” ҳамчун ширкати фаъоли воридоти технологияи муосир, аз ҷумла мошинаи назоратию хазинавӣ) ба модели ТИЭ (таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ) имрӯз дар Тоҷикистон нақши муассир дорад.

Фаъолияти ин ширкат барои   татбиқи сиёсати давлат ҷиҳати  шаффоф ва аз ҷиҳати технологӣ пеш бурдани тиҷорат равона  шудааст. Аммо бархе кори ин ширкатро нодида ва мехоҳанд нуфузи онро дар ҷомеа коста гардонанд.

Дар нишасте, ки 22 декабри соли ҷорӣ дар маркази ҶДММ «АМА Груп» воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони воситаҳои ахбори омма аз  директори ширкат ва дигар масъулини дахлдор вобаста ба фаъолияти  он пурсон шуданд. Директори  генералии ҶДММ «АМА Груп» Зарифҷон Ризоев, директори техникӣ Сӯҳроб Бахиров ва  роҳбари шуъбаи  мошинаҳои назоратию хазинавӣ Рустам Баракаев ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки истифода аз  мошинаи назоратию хазинавӣ рафти пардохти андози соҳибкоронро осон мегардонад.

Инчунин, он ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки вақт ва хароҷоти зиёдатӣ сарфа шуда, амалиёти мутоқобиларо бо намояндагони мақомоти андоз кам намояд. Дар маҷмӯъ, он ба соҳибкорон  шароити мусоид ва шаффофияти рушди тиҷорати хурду миёнаро таъмин менамояд. Ширкати  «АМА Груп» дар бозори фурӯши МНХ бо ҷойгир кардани ТИЭ беш аз як сол  мешавад, ки фаъолият мекунад ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намояндагии худро дорад ва таҷҳизоти электронии он, ки аз Россия ворид мегардад, кафолати 1 сола доранд. Соҳибкорон метавонанд, ки аз хизматрасониҳои ширкат бемалол истифода баранд. Инчунин, директори “АМА Груп” дар вохӯрӣ бо хабарнигорон намояндагони дигар марказҳои хизматрасониро даъват ба амал овард, ки бо ширкат ҳамкорӣ кунанд ва ҳеҷ кас ба кори онҳо халал ворид намесозад. Дар  бозор фурӯши МНХ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ тибқи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шуда, озод аст.

Тибқи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, №210 тартиб ва қоидаҳои истифодаи МНХ-ро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайн шудааст. Дар асоси ин қарор ҳамаи МНХ, ки соҳибкорон истифода мебаранд, бояд албатта бо ҷузъҳои ТИЭ ( халқ онро «ЧИП» меномад) пурра карда шуда бошад. Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон тирамоҳи соли 2015 намояндагони ширкатҳое, ки ба воридоти технологияи муосири электронӣ дар қаламрави кишвар машғуланд, вохӯрӣ доир намуда буд. Мавзӯи асосии вохӯрӣ ба роҳ мондани воридоти МНХ ба кишвар ва ба талаботи зарурӣ ҷавобгӯ  будани он буд. Ширкати «АМА Груп» ҳамон вақт қарор дод, ки дар ин самт машғул шавад. Барои татбиқи мақсади гузошташуда мутахассисони пешбари соҳаи алоқа ва радиотехника ҷалб карда шуданд.  Имрӯз «АМА Груп» — ширкати муваффақ дар самти воридоти мошинаҳои хазинавию назоратӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *