Хонаи сархӯр
Дар Вилояти Суғд баҳси манзил боиси фоҷиа гашт
Одамизод ба ботлоқи нафс меғӯтад?
Аҷаб дунёе, замоне одамон бо як пора нони ҷав ва як парда либоси карбосӣ рӯз мегузаронданд, аммо дилҳояшон саршори меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буд, имрӯз дар даврони серию пурӣ бошад, одамизод он қадар ба ботлоқи нафс ғӯтидааст, ба хотири молу мулки дунёӣ писар ба сари падар даст мебардорад, духтар аз гиребони модар мегирад, бародар синаи бародар ё хоҳари худро медарад. Фоҷиаи чанде пеш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рӯйдода далели равшани ин гуфтаҳост. Барои як порча замини падарӣ ва се дар хонаи вайрона, ки ба хона гуфтан ҳам намеарзад, марде, ки умраш ба ҷое расидаву мебоист фарзандону наберагонашро ба роҳи рост ҳидоят намояд, бегона не, фарзанди падарашро ба замин парчин кард. Хоҳари аз зарби дасти бародари золим ба хун оғушта дигар ба худ наомада дар беморхона ҷон ба ҷонофарин супурд ва акнун Холмуҳаммад Холматови 51-сола, ки солҳои дароз дар мулки рус мардикорӣ мекарду чанде пештар ба ватан баргашта буд, 18 соли даврони пирияшро дар паси панҷара мегузаронад. Дубора аз ҳавои озодӣ нафас кашидан ба ин қотили солхӯрда насиб мегардад ё не, инро танҳо худованд медонад. Моҷарои ин бародару хоҳар танҳо сари баҳси манзил буд ё зери коса боз ягон нимкосаи дигаре низ ҳаст? Барои посух гирифтан ба ин савол ва фаҳмидани сабабҳои асосии ин рӯйдоди хунин мо ба ҷойи ҳодиса сафар намудем.
Марде, ки ҷомашӯӣ мекард…
Вақте ки мо ба ин ҳавлӣ сар халондем, дар рӯйи ҳавлӣ марди солхӯрдае ҷомашӯӣ дошт. Ҳавлии норӯфтаи пур аз хазонбарг ва дару деворҳои ноободи бино бӯйи чуғз ва вайронаро ба машоми кас мерасонд. Гумон кардем, ки суроғаро хато карда ба манзили кадом қаландаре ворид гаштаем, вале…
Гардиши айём моро дар ҷавонӣ пир кард
Мард бо дидани меҳмони нохонда аз сари ҷомашӯӣ бархост ва бо як азоб миёнашро рост карда саволомез ба мо нигарист. Боодобона даст пеши бар гирифта гуфтам:
-Ассалому алайкум, амакҷон! Ҳавлии Ниёзовҳо ҳамин ҷо бошад ё хато карда дари шуморо кӯфтем?
Мард ҷавоби салом дод ва оҳи сарде кашида гуфт:
-Духтарам, ҳавлие, ки шумо кофта-кофта омадаед, ҳамин аст.
-Бобоҷон, ҳамдардии моро қабул кунед. Албатта таҳаммул кардани марги фарзанд кори осон нест, вале одамизод пеши тақдири азалӣ бечора аст ва ҳарчи Худованд дар пешонаи инсон навишта бошад, онро нодида илоҷ надорад …
-Духтарам шумо ожангҳои рӯву ҷабини маро дида фикр кардед, ки ман падари фарзандгумкардаам? Ман падар не, бародари онҳо ҳастам, вале ғаму дарди зиндагӣ маро бармаҳал пир кардааст. Хеле ҷавон аз ҳамсарам ҷудо шуда, ба қавле бевамард шуда мондам, вале ба хотири ҳамин хоҳару бародарам дигар оиладор нашудам. Умрамро сарфи бародару хоҳар намудам, то онҳо дар зиндагӣ азоб накашанд, вале бубинед, ки оқибаташ чӣ шуд…
Бародару хоҳарам “меҳмон” буданд
Дидем, ки мард ба аламу ҳасрат сар кард, барои аз мавзуъ дур нарафтан пурсидем:
-Бародару хоҳаратон ҳамроҳи шумо дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекарданд?
-Не, бародарам Холмуҳаммад чанд сол пеш зани тоҷикашро талоқ карда ба Русия рафта буд. Дар он ҷо зани рус гирифта, соҳиби хонаву дари обод гашт. Аз зани русаш фарзанд ҳам дорад.
-Дар ин ҳавлӣ зиндагӣ намекарда бошад, пас, чаро даъвои соҳибмулкӣ намуда, даст ба қатли хоҳаратон зад?
-Хоҳарам Мунаввара низ мисли бародарам дар Русия кор мекард, вале доимӣ не, мавсимӣ. Вай соле як маротиба ба Ватан модарамро хабаргирӣ омада, дарҳол аз паси шикасту рехти ҳавлӣ мешуд. Бечора қадри имкон хонаҳоро таъмир менамуд ва шароити зиндагии моро беҳтар сохта, боз ба Русия мерафт.
Духтаре, ки аз 10 писар беҳтар буд
-Магар хоҳаратон шавҳар ва хонаву дари худро надошт?
-Мунаввара барвақт аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Шикасти бахти аввал дили хоҳарамро аз мард хунук намуд ва дигар ёди шавҳар накард. Худаш зан бошад ҳам, мардона аробаи зиндагиашро ба пеш мекашид.
-Хоҳаратон кай ба Ватан баргашт?
— Мунаввара моҳи март аз Русия омад. Ҳамаамон хурсанд будем, ки хоҳарам соқу саломат ба хона баргашт. Аз ҳама бештар модарам аз дидори духтари мусофираш шод буд. Бечора кампир аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки духтараш омаду минбаъд ҳамдаму ҳамрозаш мегардад, вале…
-Сабаби моҷарои бародару хоҳаратон танҳо баҳси ҳамин манзил буд ё гапашон пештар гурехта дар дил нисбати якдигар кина доштанд?
-Пештар байнашон ягон моҷаро набуд. Мунаввара бо худ каме маблағ оварда буд ва барои он ки пулаш беҳуда сарф нашавад, усто оварда аз пайи таъмири хонаву ҳавлӣ шуд. Лавозимоти лозимаро барои бунёди хонаи нав харида нав аз пайи ободӣ шуда буд, ки бародарам аз Русия баргашт. Холмаҳмад дид, ки хоҳарам аз пайи обод кардани хонаю дар аст, ана ҳамин чиз ғаши додарамро овард, зеро вай ҳис кард, ки хоҳарам хонаҳоро обод карда, писару келинашро дар ҳамин ҷо мондан мехоҳад. Як бегоҳ дар сари дастурхон аз гап гап баромад ва модарам гуфт, ки хонаю ҳавлиро ба номи духтараш мерос мегузорад. Ин нияти модарам ба оташи ғазаби Холмуҳаммад равған рехт ва ба сари кампир дод зад, ки мо, писарҳо зиндаву чаро шумо хонаро ба номи Мунаввара мегузаронед. Модарам “зиндагии маро духтарам таъмин карда истодааст, хоҳед-нахоҳед, хона ба Мунаввара мерасад” гӯён, гапи худашро гап кард. Ба баҳси очаю бача хоҳарам низ шарик шуд ва ҳамин тавр барои ду-се дар хонаи похсагӣ ва се сотих замини корам байнашон моҷаро бархост…
-Бародаратон дар сари дастурхон хуни хоҳаратонро рехт?
-Не, он рӯз каме тую ман карданду баъд хомӯш шуданд. Фоҷиаи хунин чанд рӯз пас рӯй дод.
Васвасаи шайтон
-Шумо гуфтед, ки бародаратон дар Русия хонаву дари обод ва зану фарзанд дорад. Пас, чаро вай барои ин хонаи вайрона ин қадар талош намуда, даст ба қатли хоҳараш зад?
-Бовар кунед, то замони даст ба куштор заданаш ягон бор ягон кас аз ӯ шикоят накарда буд, ки Холмуҳаммад ба ман гапи сахт зад ё ягон бадӣ кард. Замони дар Русия буданаш ҳам ҳар замон занг зада ҳолу аҳволи моро пурсида меистод. Бахти аввал ба рӯяш нахандида бошад ҳам, бародарам аз зани русаш хурсанд буд.
-Шояд аз хурдӣ ҳирс дар дилаш ҷо шуда буд?
-Пулпарасту чизпараст набуд, вале намедонам ӯро шайтон васваса кард ё ҷин зад, ки барои як порча замин ва чанд бех ниҳол хуни хоҳарашро рехта, натанҳо худаш, балки тамоми авлодамонро дар байни мардум шармандаю рӯсиёҳ гардонд.
Вой нагуфта мурд
-Рӯзи сар задани ин ҳодисаи нохуш шумо дар куҷо будед? Чаро ба байнашон даромада онҳоро аз ҳам ҷудо накардед?
-Ман он рӯз чун ҳамеша дар хона будам. Хоҳарам дар ҳавлӣ бо кадом як кори занона машғул буд, ки баногоҳ бародарам аз дар даромад. Дар чеҳраи ҳардуяшон ягон осори ранҷиш, хафагӣ ё қаҳру ғазаб ба назар намерасид, барои ҳамин мани рӯзи дароз аз кору бори бисёр хасташуда ба хона даромадам, то каме дам гирам. Нав поямро дароз карда будам, ки садои фиғони набераи 2-солаи хоҳарам баромад. Гумон кардам, ки бачаро замбӯр газид ё афтида ягон ҷояш хуншор шудааст. Аз дар баромада дидам, ки хоҳараки уболам ба хоку хун оғушта хобидаасту додарам дар сари ҷисми ниммурдаю нимзиндааш ҳайрон нишастааст. Ин манзараи хунинро дида хаёл кардам, ки ҷон аз баданам баромад. Дасту поям ба ларза даромада, базӯр то назди хоҳарам расидам. Ҳолаш бисёр вазнин буд, дарҳол ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задам. Онҳо ба зудӣ омада Мунаввараро ба беморхона бурданд, вале хоҳараки номуродам як шаб дар шуъбаи эҳёгарӣ хобиду саҳар дилаш аз таппиш бозмонда, ҷони ноосудаашро ба ҷонофарин супурд. Ба фикрам баробари аз сараш зарба хӯрдан хоҳарам аз ҳуш рафтааст, чунки ягон овозашро нашунидем, ҳатто вой ҳам нагуфт…
Кампири Хосият:
Дарро ба рӯям касе намекушояд
Бародари Мунаввараи ноком Мухтор моро ба назди модараш бурд, то бо кампир низ суҳбат намуда ба саволҳои боқимондаамон аз модари ғамзада посух биҷӯем. Баробари аз дар даромаданамон садои ҳазине ба гӯш расид: “Духтарам, шумо кистед? Баланд-баланд гап занед, ки гӯшҳоям намефаҳманд”.
Дар сари ҷогаҳи кампир нишаста, изҳори тасаллият намудем. Модари ғамсӯхта оҳи пурдарде кашида гуфт:
-Кайҳо боз дарро касе ба рӯям боз накарда буд. Хайрият, ки шумо омадед, акнун каме ҳам бошад, диламро холӣ мекунам…
Писарам маро зиндадаргӯр кард
Пиразан аз бемеҳру оқибат шудани одамон хеле нолида, сипас гуфт:
-Ман ба синни мубораки 92 расидам. Дар умрам ғаму дарди бисёреро паси сар кардам, азоби камбағалӣ, бекасӣ, бевагӣ, марги ду фарзанд, вале ин ҳама дарду алам як сӯ шуду ғами марги Мунаввара як сӯ. Пештар ду фарзандамро аз даст дода бошам ҳам, диламро бо он таскин медодам, ки бо аҷали худашон мурданд ва худованд онҳоро ба ман доду боз худаш гирифт, вале дар ғами Мунаввара то қиёмат чун ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта хокистар мешавам. Писарам бо ин кори кардааш хоҳарашро не, маро бе корд кушт ва зинда ба зинда гӯр кард, духтарам. Аз ин пас сарамро дар байни халқ чӣ хел мебардорам? 16 сол азоби бевагӣ кашида, фарзандонамро бо азобҳои алим калон карда бошам ҳам, нашикастам, вале кори нангине, ки писарам кард, маро аз по афтонд. Наход модар бо ҳамин умед фарзанд калон кунад, ки дар пирӣ дар ғами ҷигарбандонаш нолидаю чокида бишинад? Шабу рӯз худоро зорӣ карда истодаам, ки амонаташро бигирад, то аз бадномӣ ва ғаму ғуссаи духтари дар таги хоки хунук хобу писари дар кунҷи зиндон будаам халос шавам, вале… Худо рӯзи ба сари мо омадаро ба ягон кас, ҳатто ба душман ҳам нишон надиҳад, духтарам…
-Мухтор дар суҳбат ба мо гуфт, ки шумо хонаро ба номи духтаратон гузарониданӣ шудаед ва ҳамин чиз боиси ғазаби писаратон гаштааст?
-Гуфтам-ку меҳру оқибат кам шудааст, агар чунин намебуд, магар барои як ваҷаб замин ва ду дар хонаи похсагӣ, ки оқибат ба рӯйи ман чапа шуд, бародар як парчаи ҷону ҷигари худашро бо олоти вазнини устогӣ зада мекушт?!
Вақте ки меҳру муҳаббат мемирад….
-Меҳру оқибат кам шудааст гуфта шумо танҳо фарзандони худатонро дар назар доред ё…?
-Ҳамаро дар назар дорам, духтарҷон. Ман қариб 100-сола шудаам ва дар тӯли умри дарозам шоҳиди бисёр ҳодисаҳо будам, вале корҳое, ки ҳозир шуда истодаанд, пештар набуданд. Вақтҳои охир тез-тез ба гӯшам мерасад, ки як аъзои хонавода барои дупула гап ё ягон чизи ба нохуни пойи одамизод намеарзидагӣ аъзои дигари оиларо куштааст. Модарам мегуфтанд, ки замона ба охир расад, одамон сангдил шуда, меҳру муҳаббат аз байн меравад, ба фикрам охирзамон наздик шуда истодааст, вагарна мардум ин қадар бераҳму бетараҳҳум намешуданд. Дур нарафта хешу табори худамро мисол меорам. Шукри худо бекасу кӯй нестам, вале додару хоҳаронам бо зиндагии худ овора шуда, як бор аз дари мани ғамзада намедароянд. Рӯзҳои азодорӣ қатори халқ омада рафтанд ва бо ҳамин гӯё қарзи инсониашонро пурра адо карданд. Дигар як бор дарамро кушода намепурсанд, ки ту зиндаӣ ё мурда…
“Нарас, ки мерезам”
-Гуфтед, ки хонаи сархӯр оқибат ба рӯятон чаппа шуд. Ин гапатон ба кадом маъност?
-Ба маънои аслиаш. Беҳуда намегӯянд, ки фалокат танҳо намеояд. Як ҳодисаи нохуш, ки рӯй дод, албатта аз пасаш боз чандин нохушии дигарро ҳам меовардааст. Баъди гузаронидани маъракаҳои мотамии духтарам бо сари пуршӯру дили пурғавғои худ хостам оҳиста-оҳиста корҳои хонаро кунам, чунки тамоми бори гарони зиндагӣ ба сари писарам Мухторҷон афтида монда буд. Бечора намедонист маро бонӣ кунад, ғами додару хоҳарашро хӯрад, корҳои нотамом мондаи сохтмониро ба анҷом расонад ё ҳосили дарахтонро ҷамъоварӣ намояд. Дилам ба ҳоли писарам сӯхту хостам ба ӯ каме ҳам бошад ёрӣ диҳам. Бо ҳамин мақсад ба хона даромадам. Деворҳо дар тӯли солҳои дароз нам кашида, заҳ гирифта будааст, илова бар ин, вақтҳои охир писарам ба замин об монда, ба поёноб аҳамият надодааст ва об бемалол ба таги хона мерафтааст. Хулоса, хона дар ҳолати “нарас, ки мерезам” қарор доштааст. Хостам хоку чанги ҷамъшудаашро ғун кунам, то кори устову писарам осон шавад, вале якбора девор дар болоям чаппагардон шуд.
-Ба духтур муроҷиат кардед? Мабодо ягон аъзои баданатон сахт осеб надида бошад…
-Эҳ духтарҷон, хаёл мекунам, ки тамоми аъзои баданам майда-майда шудааст, вале барои шикастабандӣ дар тани ман шираву маҷоле несту дар кисаи писарам пайсае, барои ҳамин дар рӯйи бистари беморӣ маргамро интизорӣ кашида хобидаам. Кошкӣ ҳамон рӯзи дар рӯям чаппа шудани девор Худо ҷонамро мегирифту маро аз ин ҳама ранҷу азоб халос мекард!
Ҳирси сархӯр
-Модарҷон, шумо ба як саволи мо ҷавоб надодед. Чаро хонаро ба номи писаронатон нею ба номи духтаратон мерос мондан мехостед? Магар аз писаронатон дар дил ранҷише доред?
-Аввалаш ин ки писарам ба хона ниёз надошт. Вай аз зани русаш ҳамагӣ як писар дорад ва писараш дар Русия соҳиби зану фарзанду хонаву дар аст. Ҳеҷ гоҳ Россияро монда ба ин гӯшаи дурдаст намеояд. Дуюмаш он ки писарам то имрӯз барои ободонии ин ҳавлӣ ягон кор накардааст, духтарам бошад, як тини ёфтаашро ба мо мефиристод ва мудом дар фикри чӣ тавр кашидани аробаи зиндагӣ буд. Бечора аз аввал аз бахт наосуд, бар замми ин, писару келинаш хона надоранд. Барои ҳамин хонаро ба номи духтарам гузаронидан мехостам, то мурдаю зиндаамро соҳибӣ карда, баъди маргам чароғи манзили фарсудаи маро хомӯш шудан намонанд, вале моҷарои ду ваҷаб замин ва як хонаи вайронаи сархӯр духтарамро ба зери хоку писарамро ба кунҷи зиндон бурд…
Фарзона Муродӣ
Хуҷанд-Ғафуров-Хуҷанд
- S.
Мо мехостем аксҳои қотил ва мақтулро пешкаши хонандагони азиз гардонем, аммо бародари онҳо Мухтор қасам болои қасам хӯрд, ки дар хонаашон як дона ҳам сурат нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ