Таҷлили Парчам дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон,  бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид. 

  Санаҳои  21-22 ноябр дар тамоми факултетҳо ва литсейи донишкада бо ташаббуси раёсати донишкада ва сохторҳои марбута чорабиниҳо дар шакли озмун-викторинаҳо, маҳфилҳои илмӣ, семинарҳо доир карда шуданд. Чорабиниҳо асосан фарогири мавзуоти «Парчами давлатӣ-ифодагари истиқлолияти воқеӣ», «Парчам-рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус»,  «Парчамдории точикон: таърих ва рушд» ва амсоли инҳо буданд. Дар кори чорабиниҳои факултативӣ донишҷӯёну устодон ташаббус нишон дода, онро дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ доир намуданд. Бояд тазаккур дод, ки донишҷӯёни дар кори чорабиниҳои зикргардида фаъолнокии бештар нишондода бо сипосномаҳои садорати донишкада ва факултетҳо қадрдонӣ карда шуданд.

23 ноябри соли равон дар доираи силсилачорабиниҳои фарҳангӣ,бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар толори маҷлисгоҳи донишкада  чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам-рукни асосии мукаддасоти миллӣ» баргузор шуд. Дар баргузории чорабинӣ ҳайати устодону донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишкада иштирок намуданд.

Чорабинии танатанавӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректори донишкада, дотсент Ҷаборов Б.Б. оғоз гардид. Номбурда аҳли толорро бо ин Иди бузурги миллӣ — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раёсати донишкада самимона муборакбод намуд. Ҷаборов Б.Б. қайд намуд, ки  имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Дар фароварди чорабинӣ композитсияи адабӣ-мусиқии омоданамудаи гурӯҳи ҳунарии «Соҳибкор»-и донишкада дар мавзӯи «Парчам — инъикосгари ваҳдати миллӣ ва бақои миллат» пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *