Хонандагон аз Тоҷикистон дар “Артек” ғолиби “Тағйироти калон” шуданд

Дар Маркази байналмилалии бачагонаи «Артек» натиҷаҳои озмуни умумирусиягии «Тағйироти калон» ҷамъбаст карда шуд. Дар он 700 нафар мактаббачагони рус ва беш аз 200 нафар кӯдакон аз 30 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омаданд.

Гуфта мешавад, ки дар озмуни байналмилалӣ 12 ҷавони тоҷик аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд ширкат карданд. Се нафари онҳо дар категорияҳои худ ғолиб шуданд ва аз Санкт-Петербург ба Владивосток, ба «Сафари орзуҳо» хоҳанд рафт. Дар рафти саёҳат бачаҳо куҳҳои Урал, Карелия, кӯли Байкал, космодроми Шарқиро тамошо карда, инчунин дар барномаи маърифатию маданӣ иштирок мекунанд.

Дар миёни онҳо Мария Чебоненко, хатмкардаи Мактаби рӯзноманигори ҷавон ва блогнависи Хонаи рус дар Душанбе низ ҳаст, ки баранда шуда, имкони дохил шудан ба дилхоҳ донишгоҳи пештози Русияро пайдо кардааст.

«Мо лоиҳаҳои худро таҳияву муаррифӣ намудем ва дидгоҳи худро дар бораи Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон мубодила кардем. Вақте номи ман аз саҳна шунида шуд, хеле шод шудам ва ашкҳоямро пинҳон накардам»,- мегӯяд Мария.

Рӯзноманигори ҷавон аз Душанбе ҳоло наворе эҷод мекунад, то нукоти муҳими “Артек”-ро муаррифӣ намояд.

Бояд гуфт, ки озмуни байналмилалии «Тағйироти бузург» бо дастгирии “Россотрудничество” амалӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *