Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиаш ба нафъи мардуми бародари Ӯзбекистон орзу намудааст.

— Пешвои миллат нақши назарраси муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуда, ба Ӯзбекистони дӯст пешрафту шукуфоӣ хостанд,- меафзояд манбаъ.

Дар идомаи суҳбат президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намудаанд. Дар ин зимн омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифтааст.

Сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамзамон ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *