Хонандагон ба таътил мебароянд. Омӯзгорон чӣ?

 Аз 1 то 10-уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31-уми декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. Оғози дарс рӯзи 11-уми январ пешбинӣ шудааст.

Вазорати маориф ва илм аз волидайн даъват кардааст, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин, волидайн монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.

Бино ба иттилои Эҳсон Сафарзода, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, таътил танҳо ба хонандагон дахл дорад. Омӯзгорон бошанд, дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *