ҷарроҳӣ

Бори аввал дар Тоҷикистон “дугоникҳои сиамӣ” аз ҳам ҷудо шуданд

Бори аввал дар Тоҷикистон ҷарроҳии нави аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ” бомуваффақият гузаронида шуд.

Ин ҷарроҳӣ дар шуъбаи ҷарроҳии навзодони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш” сурат гирифт. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё “дугоникҳои сиамӣ” яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ақсои олам ба ҳисоб рафта, ҳамакнун бо роҳандозӣ гардидани чунин усули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хубе ҳосил намуданд”,- менависад сомонаи Вазорат.

Мутахассисони шуъбаи ҷарроҳии навзодони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш”  таъкид мекунанд, ки айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст.

“Бо таҷрибаи ҳосилшуда кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбад низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад”,- изҳор медоранд табибони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *