Фаридун Одилов

Муроҷиати Фаридун Одилов ба варзишгари қазоқ

Варзишгари муҳорибаҳои омехтаи тоҷик Фаридун Одилов дар “Инстаграмм” фикрашро дар бораи муҳориба бо варзишгари қазоқ Даурен Ермеков баён кард.

— Пас аз барҳам хӯрдани муҳорибаи мо суханҳои ӯро шунида, хурсанд шуда будам, вале пас аз як ҳафта “пост”-и дигарашро дидам ва ба хулосае омадам, ки дурӯяе беш нест. Бисёр мехоҳам, ки чеҳраашро бишканам,- навиштааст Фаридун.

Ҳамчунин, варзишгари тоҷик иброз доштааст, ки омода аст ҳатто бидуни гонорар бо Даурен Ермеков ба майдон барояд.

Инчунин, Одилов гуфтааст, ки омода аст ин муҳорибаро дар Қазоқистон, Грузия ё Маскав гузаронад ва ба ҳама сарусадоҳо нуқта гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *