Муборизаи “Терминатор”-и тоҷик барои камарбанди қаҳрамонӣ (аудио)

Ду паҳлавони номдори ташкилоти Eagle FC — Фаридун Одилов аз Тоҷикистон ва Даурен Ермеков аз Қазоқистон рӯзи 10-уми декабр барои дарёфти камарбанди қаҳрамонӣ байни ҳам рақобат мекунанд.

Фаридун Одилови 29-сола қаҳрамони Eagle FC дар вазни миёна мебошад ва бар муқобили рақиби 33-солаи хеш камарбанди қаҳрамонии худро ҳимоя мекунад.

Бояд гуфт, ки мусобиқа дар Қазоқистон доир мешавад ва Фаридун, ки бо тахаллуси “Терминатор” маъруф аст, талош мекунад, то унвони қаҳрамонии хешро ҳимоя намояд.

Одилов дар корномаи варзишии худ 12 ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт дошта, ҳамзамон қаҳрамони мусобиқаи анъанавии «Formula55 CUP» оид ба гӯштини тарзи озод дар вазни 97 кг мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *