Сезин Синанолу дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аудио)

Дирӯз бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон башида ба 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ конфернсия баргузор гардид, ки дар он Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ Хонум Сезин Синанолу иштирок намуд.

Бино ба иттилои ДМТ, пеш аз оғози конференсия Хонум Сезин Синанолу бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. вохӯрӣ намуда, дар робита ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию таълимии ҶТ бо СММ табодули афкор намудаанд.

Баъдан Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ Хонум Сезин Синанолу дар мавзуи “30 соли узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Мутаҳид” суханронӣ намудааст.

— Дар идомаи нишаст аз ҷониби устодону донишҷӯён ба Хонум Сезин Синанолу дар робита ба фаъолияти созмон саволҳо дода шуд ва аз ҷониби меҳмон ҷавобҳои қаноатбахш сурат гирифт. Дар охир аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ҳамчун рамзи дӯстӣ ба Хонум Сезин Синанолу туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *