Вазорати маориф ва илм беш аз 4 миллион китоби дарсӣ нашр кардааст (аудио)

То 1-уми декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди 4 млн 318 ҳазору 630 нусха нашр шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, тибқи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2023» таҳия ва нашри 44 номгӯй китоби дарсӣ аз синфи 1 то 11 дар назар дошта шудааст.

Аз мушовирони бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маориф даъват ба амал оварда шудааст, ки бо мақсади аз байн бурдани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамкории китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ накарда, ҳар рақамро дуруст таҳлил карда, сипас ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *