Хатлон: Дар як ҷаласа вазъи зимистонгузаронӣ баррасӣ шуд

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи корӣ оид ба баррасии вазъи зимистонгузаронӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаро иттитоҳ бахшида, қайд кардааст, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» корҳои муайянеро ба анҷом расонида, нақшаи чорабиниҳо иборат аз 20 банд оид ба ин масъала тасдиқ карда шудааст. Дар ин давра аз тарафи ситоди вилоятӣ 4 маротиба бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо ситоди зимистонгузаронӣ доир шуд”.

Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода зикр намудааст, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

— Дар идома гузориши муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода оид ба натиҷаҳои мониторинги гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ шунида шуд. Дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *