Хонаю палос, одаму… либос

Худи либос чист, ки ин қадар мавриди баҳс қарор мегирад? Ҳатто ҳукумат ба он дахолат мекунад ва Маркази исломӣ (муфтиёт) сари ин масъала дар хутбаи намози ҷумъа фатво медиҳад?

Аз рӯзе, ки одам аз ғори худ бори аввал берун шуд (тибқи фарзияи Дарвин) ва ё вақте, ки аз ҷаннат ронда шуд (ақидаи аҳли динҳои яктопарастӣ), ба либос зарурат пайдо кард.

Тасаввур кунед, ки либос дар ҷомеа ҳоло вуҷуд надорад ва чунин як чиз ҳам нест. Дар кӯчаҳои мо зану мардҳои комилан урён равуо доранд ва касеро ба касе коре нест. Мисли он, ки ҳама дар пляжи нуддистҳо (як гурӯҳи алоҳидаест, ки комилан бе либос ҷамъ меоянду оббозӣ ва “загар” мекунанд) бошанд. Тасаввур кардед? Ё инро тасаввур кардан ғайриимкон аст? Ин тавр ки бошад, акнун дарк мекунед, ки либос танҳо барои пинҳон намудани узвҳои маҳрамонаи инсон ва ё паноҳ бурдан аз сармою гармо нест, балки барои ифодаи сатҳи маданияту маърифати шахсият, барои нишон додани синну соли соҳиби он ва ҳатто ҳамчун баёнгари андешаи ӯ хизмат мекунад.

Шояд дар оғоз либос танҳо бо мақсади аз сардию гармӣ паноҳ бурдан ва пинҳон намудани шармгоҳи одамон истифода шуда бошад, аммо дар замоне, ки мою шумо зиндагӣ мекунем, функсияҳои он даҳҳо маротиба афзудааст ва либос ифодагари ҳамаи он чизҳоест, ки ману шумо ба атрофиён гуфтанием. Яъне ба либоси кас назар андохта, то адозае метавонед дар бораи ин шахс тасаввурот пайдо кунед.

Агар одам либоси расмии ягон корхона ва ё шабакаи хизматрасониро ба бар карда бошад (спетсовка), ҳоҷат ба ин нест, зеро алакай либос дар бораи соҳиби худ ба мо “гуфт”. Ба ҳамин монанд, либоси мактабиён, кормандони давлатию донишҷӯён (бо галстук) ва боз чанд тоифаи дигарро низ муайн кардан мумкин аст ва шарт нест, дар ин “кашфиёти худ” методи дедуктивии Шерлок Холмсро истифода барӣ…

Аммо чун сухан аз боби фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар рафт, маълум, ки фатвои мазкур маҳз ба онҳое равона карда шудааст, ки гӯё мувофиқ ба талаботи шариат либос мепӯшанд. Дар оғоз мо гуфтем, ки либос баёнгари фарҳанги ҳар миллат низ ҳаст. Ба хотир оред “юбка”-и шотландиҳо ва ё сарии ҳиндуҳою кулоҳи қазоқзанҳоро. Он чӣ, ки гузаштагони мо (дар назар дорам танҳо бибию бибикалонҳоро) ба бар мекарданд, шояд имрӯз ба бисёриҳо маъқул набошад. Аммо инро ҳам инкор кардан наметавон, ки ин як ҷузъи фарҳанги миллии мост. Пас, агар аз рӯи фатвои Шӯрои уламо равем, тоҷикон либоси ҷавобгӯи дархости шариати исломиро низ дар гузашта доштанд ва имрӯз низ вобаста ба ҳамин аз он истифода бурдан лозим, ки ҳақ асту рост. Аммо чӣ тавр, вақте ки занону духтарони мо аз пӯшидани либоси миллӣ дида, бештар ба либоси бегона (арабӣ, аврупоӣ) майл доранд?

Барои ин мисли туркманҳо ва озариҳою ҳиндуҳои мусулмон (Бангладеш ва Индонезияю Малайзия) либоси миллии худро бояд такмил дод ва ин корро на кӯр-кӯрона, балки бо назардошти ақидаю  пешниҳодҳои ходимони дин, дизайнерҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба ин масъала шавқманданд, бояд анҷом дод. Он гоҳ либоси миллии мо барои занону духтарон омода мегардад, ки аз рӯйи он тоҷикро дар ҳама ҷо шинохтан мумкин мешавад.  

Дар мо низ хушбахтона, мисли баъзе аз кишварҳои муслмоннишин интихоби ранг барои либос танҳо аз сиёҳу сафед иборат набуду то имрӯз ҳам чунин нест. Дар ин кор низ мисли коммунистҳо ба зиёдаравӣ роҳ додан мумкин нест ва маъракаи “фаранҷипартоӣ”, ки дар оғози Шӯравӣ ба роҳ андохта шуд, роҳ додан танҳо ба зарари кор аст…

Агар ҳоло ба навору аксҳое, ки дар солҳои шастуму ҳафтодуми қарни гузашта дар деҳоти тоҷик гирифта шудаанд, назар андозем, мебинем, ки либосе, ки он замон духтарону занони мо мепушиданд, чӣ қадар зебою шинам будаанд ва касе ҳам аз эшон (албатта ба ҷуз онҳое, ки ба қавли модари  раҳматиам “урус шудан мехоҳанд”) лучу урён ва ё сар то по сатри сип-сиёҳ надоштанд. Либоси миллии мо дар гузашта хеле либералӣ нисбат ба талаботи шариати ислом ва дар як вақт ивазкунандаи сатри арабӣ ҳам будааст. Пас, онро бояд такмил доду дар як вақт ҳам тоҷикию ҳам исломӣ кард. “Одаму либос ва хонаю палос” гуфтаанд гузаштагони мо…

А. АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *