Хоруғ: Қотил боздошт шуд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Қосим Абдурасулов, сокини шаҳри Хоруғро, ки дар куштори ҷавони 27-сола муттаҳам мешавад, боздошт шудааст. Алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “куштор” ва “нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” – парванда боз шудааст.

Ин мард нисфирӯзии 16-уми июл дар маҳаллаи Хоруғи Боло, маъруф ба “Бархоруғ”, дар пайи як муноқиша ба сӯи Алиназар Қамбаров аз таппонча тир холӣ кардааст. Қамбаров аз зарби тир, ки ба пешониаш расид, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, рӯзи гузашта ин мард боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳе дар шаҳри Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *