Ҷилавгии қочоқи дору аз Афғонистон

Гумрукчиёни тоҷик аз қочоқи маводи  доруворӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.  Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён»  зимни муоинаи гумрукии нақлиёти боркаши «Дулон», рақами қайди давлатиаш ТҶ 36 — 14 ВК 01, ки аз ҷониби шаҳрванди 33-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.И. идора мегардид, 186 дона маводи дорувории «Gelofusine»,  7 ҳазору 500 ампула маводи дорувории «Diazepam  injection» ва   840 дона балзами   «Clometasol 0.05%» ошкор ва мусодира намуданд.

Манбаъ итттилоъ медиҳад, ки  шаҳрванд Т.И. мехост бидуни назорати гумрукӣ ва  санадҳои тасдиқкунанда  маводҳои дорувориро  ба қаламрави Тоҷикистон ворид намояд.  Гуфта мешавад, ки нисбат ба  шаҳрванд Т. И. бо моддаи 200 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол  гардидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *