Хотираи қавӣ мехоҳед?

хушкмеваҳо хуред, ки тапиши дилро ором ва гурдаҳоро табобат кунад

На ҳама вақт нишонаҳои аввали бемориро бо кулчадоруҳо метавон пешгирӣ кард. Баъзан вақт ба ҷояш алафҳои фоиданок, меваҳои хушк, ки ба саломатии инсон фоидаи бештар доранду зарари кам истифода намудан беҳтар аст.

Меваҳои хушк иммунитетро боқувват намуда, инсонро маҷбур мекунонад, ки бо беморӣ мубориза барад. Ин навбат дар хусуси фоиданокии меваҳои хушк бароятон маълумот медиҳем.

АНҶИРИ ХУШК     

Одатан баъди бемории зуком кас ба сулфаи хушк гирифтор мешавад, ки табобати дурудароз дорад. Ҳарчанд зуком табобат меёбад, аммо сулфа боқӣ мемонад. Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки барои давои чунин сулфа анҷири хушк беҳтарин даво аст. Он ҳам сулфаи дурударозро нест мекунад ва ҳам қувватро барқарор менамояд. Инчунин ,гардиши оҳанро дар таркиби хун ба тартиб оварда, рӯйро сурх менамояд, ки ин нишонаи сиҳатии одам аст. Оҳан дар таркиби анҷир аз себ дида зиёдтар аст.

Ҳамчунин, анҷири хушк ба гурда фоидаи калон мерасонад ва   ҳуҷайраҳои пешобдонро «зинда мегардонад». Анҷир дар таркиби худ калсий, фосфор, йод, калий, бром, витаминҳои А, С, В₁, В₂ дорад, ки ба ҳуҷайраҳои ҷабандаи меъда кумаки калон мерасонанд.  Инчунин, анҷир барои  «ором» нигоҳ доштани  тез- тез тапишхӯрии дил  давои хуб аст.

ЗАРДОЛУИ ХУШК (ҒУЛИНГ)

Ин намуди меваи хушк низ ба ҳаракати  гардиши хун кумаки калон мерасонад. Витаминҳое, ки дар таркиби ғулинг  аст, рагҳоро кушод ва тоза менамоянд.  Зардолуи хушк аз магний бой аст, ки ин рагҳои аз беморӣ зарардидаро табобат менамояд. Агар гардиши хун фаъол бошад, шахс худро ниҳоят хуб эҳсос  мекунад.  Ҳаракати мунтазами хун кори гурда ва мағзи сарро беҳтар  мегардонад. Ин боис мешавад, ки кас хотираи қавӣ дошта бошад.  Ҳунармандон, донишҷӯён ва дигар нафароне, ки бояд матни зиёдро дар хотир нигаҳ дошта тавонанд, лоақал 50 грамм ғулингро ҳар рӯз  истеъмол намоянд, фоидабахш аст.  Истеъмоли доимии ғулинг нафарони бемории қалбро аз кулчадоруҳои талху бемаза наҷот медиҳад.  Ба шахсони ҳомиладор низ истеъмоли ғулинг  тавсия дода мешавад. Он “стресс”-ро аз байн мебарад ва гемоглобинро дар таркиби хун зиёд мекунад.

МАВИЗ

Ангури хушк асабро ором мекунад.  Мутахассисон онро давои хуб барои пешгирии асабоният медонанд. Он дар таркиби худ қанди зиёд дорад, ба ин хотир истеъмоли мавиз ба  шахсони фарбеҳ тавсия дода намешавад.  Дар умум ангури хушк ба саломатии одам фоидаи калон мерасонад. Масалан,  элементи калий, ки мавиз аз он бой аст, организми шахсро ҷавон нигоҳ медорад. Он бофтаҳои рагҳои хунгарди организмро тоза намуда, барои кори хуби қалб шароит фароҳам меорад. Инчунин, мавиз ба беморони гирифтори анемия манфиат мерасонад.

ОЛУИ ХУШК

Дар таркиби ин  намуди меваи хушк гурӯҳи кислотаҳои органикӣ ва микроэлементҳои фоидабахш  зиёд аст. Олуи хушк барои таҷзияи микроорганизмҳои бадан кумак мерасонад. Ба ин хотир баъди истеъмоли олуи хушк кас худро бардам ҳис мекунад. Инчунин, кори меъдаро ба танзим дароварда,  фишорро муътадил нигоҳ медорад.  Истеъмоли он бемории қалбро пешгирӣ менамояд.

АНАНАСИ ХУШК

Албатта, меваи тару тоза ба инсон  бештар писанд меояд. Аммо микроэлементҳое, ки баъди хушкшавӣ пайдо мешавад, фоидааш аз меваи тар бештар аст.  Аз сабабе ки ананаси хушк дар таркиби худ бештар калий дорад, вазни зиёдро дар бадани истеъмолкунанда хеле кам мегардонад. Инчунин тару тозагии пӯсти баданро дер боз нигоҳ медорад. Бромелайне, ки ананаси хушк дар таркиби худ дорад, камёфт аст ва дигар меваҷот бо худ надоранд.  Ин элемент  шамолхӯриро рафъ ва ба кори меъда кумак менамояд.

ОЛУЧАИ ХУШК

Олучаи хушк ба шахсоне, ки дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ менамоянду аз маҳсулоти табиӣ камтар истифода мебаранд,  фоидаи калон дорад. Чунки ин хушкмева элементҳои зараррасони химиявиро,  ки дар маҳсулоти сунъӣ зиёд аст,  аз организм тоза мекунад. Олучаи хушк дар худ пектин дорад ва ҳамаи он моддаҳои химиявиро аз ҳамроҳшавӣ бо хун нигаҳ медорад ва намегузорад, ки организм заҳролуд шавад.  Ғайр аз ин олучаи хушк, маводи хуби мубориза  бо вирусҳо мебошад, ба забони табибон онро «антисептик» мегӯянд. Табибон  онро ба  шахсони ҳарорати баланддошта тавсия медиҳанд.  Олучаи хушк дар таркиби худ  калий, магний, витаминҳои А, С, РР, ва кислотаҳои органикӣ зиёд дорад.

Таҳияи С. Розиқзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *