Райҳона шавҳарашро чаро ба суд дод?

Овозаҳо дар атрофи номи Райҳона Раҳимова ҳамеша хеле зиёданд. Ҳанӯз як овоза хомӯш нагашта, овозаи дигар паҳн мешавад. Ҳафтаи гузашта бисёр сару садоҳои нохуш ба гӯшамон расиданд ва барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мухбири “Оила” Мумтоз ба суроғи ин бонуи ҳунар баромад.

-Салом Райҳона! Хайрият шуморо асабонӣ намебинем…
-Барои чӣ асабӣ шавам? Чаро ин суолро ба ман медиҳед?
-Охир дар атрофи номатон овозаҳои гӯшхароши зиёде паҳн гаштаанд…

-Дар атрофи номи ман ҳамеша овоза паҳн мекунанд. Канӣ бигӯед, боз чӣ гап баровардаанд душманонам…

-Мегӯянд, ки Райҳонаро чанд ҷавони авбош зӯран…

-Метавонед давомашро нагӯед, ман алакай мақсадатонро фаҳмидам. Ҳаёти Бунафша ном як зани деҳотӣ аст. Сенарияи филм ба ман бисёр писанд омад, аз ҳамин хотир, ба бозидани нақши Бунафша розигӣ додам. Азбаски нақши Бунафшаро ман дар ин филм бозидаам, кадом “галӯ” ин гапро баровардагист…

“Дӯғоб” чӣ гуна филм аст, ки мо аз он хабар надорем?

Ин филмро айёми тобистон ба навор гирифта буданд ва аллакай тайёр асту коргардонҳо ба наздикӣ онро ба тамошобин пешкаш месозанд.
Мавзӯи филм чист ва кӣ шуморо ба ин нақш пешниҳод кард?

-Шавҳараш бо духтари дигар ишқварзӣ карда, тарки деҳа менамояд ва бо ҳамин гумном мешавад. Бунафшаи муштипар тани танҳо ва бе такягоҳ мемонад. Аз фурсат истифода бурда, бачаҳои авбошсурат мехоҳанд ин занро ба доми фиреби худ гирифтор созанд. Пеши роҳашро мегиранду майли бо ӯ ишқварзӣ намуданро доранд, вале Бунафша барои ҳимояи нангу номусаш то охир мубориза бурда, писарашро бо азобу сахтиҳо ба воя мерасонад вале имкон намедиҳад, ки домони исматашро касе доғдор созад.

-Зиндагии шахсии худи шумо чӣ гуна ҷараён дорад? Мегӯянд, ки Райҳона шавҳарашро ба суд додааст…

-Инаш рост аст. Ман барои насаби фарзандамро иваз намудан ба суд муроҷиат карда будам.

-Чаро намехоҳед, ки фарзандатон насаби падарашро дошта бошад?

Як бор андеша кунед, модаре, ки фарзандашро аз рӯзи таваллуд шуданаш худаш танҳо парасторӣ мекунад, сару либос мехарад, мехӯронад, мепӯшонад, дар беҳтарин дабистон мегузорад, чаро бояд ба ӯ насаби мардиро диҳад, ки дар тарбияи кӯдак ягон саҳм надорад?! Ба кӣ лозим аст чунин шавҳар ва чунин падари бе масъулият?!

-Мехоҳед, ки ҳамчун модари танҳо насаби худро ба фарзандатон диҳед?

-Бале, ман ҳанӯз баъди аз шавҳарам ҷудо шудан ба чунин хулоса омада будам, вале хушбахтона суд корро ба манфиати ман ҳал намуд.

-Корҳои эҷодиатон дар чӣ ҳоланд? Ё аз баҳри санъат тамоман гузашта, бизнесмен шудед?

-Хоҳам ҳам, аз баҳри санъат гузашта наметавонам, чунки саҳна барои ман ҷои муқаддас аст. Зиндагиамро бе суруду мусиқӣ ҳатто тасаввур карда наметавонам.

-Пас, чаро эҷод намекунед?

Кӣ гуфт, ки эҷод намекунам? Ютуб пур аз таронаҳои Райҳона аст.

-Пас, чаро дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намекунед?

Дар ҳақиқат сурудҳоям дар телевизион пахш намешаванд ва маро ба чорабиниҳо даъват намекунанд.

-Чаро?

-Чунки ягон пушту паноҳ, ба қавли имрӯза “таға” надорам.

-Тағо чӣ лозим, агар кас ҳунар дошта бошад, бе кӯмаки дигарон ҳам метавонад муваффақ гардад.

-Шумо мақоли “Бе пул суханат асар надорад…”-ро шунидаед? Замон замони бозоргонӣ аст. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳама кор фақат бо пул ва ошнобозӣ ҳал мешавад. Пул надошта бошӣ, пушту паноҳ надошта бошӣ, корат чандон пеш намеравад.  Ба ҳар ҳол ба қадри тавон кӯшиш карда истодаам, ки хотири мухлисонамро бо таронаҳои нав ба нав шод бигардонам.

Биёед ин мавзуъро як тараф мегузорем. Беҳтараш бигӯед, ки албоми наватон кай ба дасти мухлисон мерасад?

Фиттаҳои банда дар тамоми мағозаҳои дискфурӯшӣ ҳастанд, мардум метавонанд бе малол гирифта гӯш кунанд.

-Райҳонаро дар сомонаҳои интернетӣ пайдо кардан мумкин аст?

-Бале, Фейсбук, Инстаграмм ва Вайбер дорам. Тез-тез тариқи ин сомонаҳо дар бораи навовариҳои ҳаёти эҷодии худ ба дӯстон ва мухлисонам маълумот медиҳам.

-Сурудҳоятонро танқид кунанд, чӣ кор мекунед?

Танқид, агар дар ҳақиқат асос дошта бошад, кӯшиш мекунам, ки хатоямро ислоҳ намоям, дар акси ҳол, аз рӯйи мақоли “саг меҷакаду корвон ба роҳи худ меравад” амал карда, аҳамият намедиҳам.

Ростӣ, ман пештар фикр мекардам, ки Райҳона ҳам мисли дигар сарояндагон мағруру худпараст аст, вале мебинам, ки бисёр зани чеҳрахандон ва хоксор ҳастед…

-Дар дунё аз ҳама чизи бад медидагиям ҳавобаландӣ аст. Инсон аз хок омадааст ва хоҳ-нохоҳ боз ба хок меравад. Ғуруру каттагӣ чӣ лозим…

-Дар зиндагӣ азизтарин чиз барои инсон ин оилааш аст. Шумо, ки зани танҳо ҳастед, киро азизтарин мешуморед?
-Ягон зани фарзанддор танҳо нест! Ману писарчаам як оилаи хушбахт ҳастем ва ба касею чизе ниёз надорем. Азизтарин шахс барои ман писарам аст. Шукри Худо зиндагиамон ба қавли мардуми рус “Супер” ҷараён дорад.

-Дуо мекунем, ки ҳамеша чунин зебо ва хурсанду комёб бимонед!

Суҳбаторо: Мумтоз

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *