«Хуҷанд» аз «Суғдиён» бо ҳисоби бузург мағлуб шуд

Дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлоли Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 миёни дастаҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Ўзбекистон) баргузор шуд.

Ҳанўз дар қисми якуми бозӣ дастаи меҳмонҳо бо задани се гол ба дарвозаи «Хуҷанд» бартарии худро таъмин карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 13-ум Ҷасур Ҳасанов кушод. Сипас, дар дақиқаи 21-ум боз ҳам Ҷасур Ҳасанов ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев гол зад. Дар дақиқаи 30-юм Шоҳрўз Норхонов голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонд.

Ҷавоҳир Қаҳрамонов дар қисми дуюм, дар дақиқаи 79-ум голи чоруми дастаи «Суғдиён»-ро зад. Ҳамин тавр «Хуҷанд» ширкати худро дар Ҷоми КФО-2022 ба охир расонида, «Суғдиён» иштироки худро идома медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *