Барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ ва Нависандаи халқӣ. Кистанд онҳо?

Имрӯз аз ҷониби Президенти кишвар бахшида ба ҷашни Истиқлолият мукофоту унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ дода шуд.

Аз ҷумла, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022 соҳибони худро пайдо кард.

Дар бахши адабиёт ҷоизаи мазкур ба романҳои «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа ва «Киштии Нуҳ»-и Юнус Юсуфӣ, ки аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, сазовор дониста шуд.

Намоишномаи «Пайкари миллат»-и Давлаталӣ Убайдуллозода дар бахши театр ва синамо соҳиби ҷоиза шуд. Намоишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг пешниҳод шудааст.

Бо пешниҳоди Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон операи «Хусрав ва Ширин» ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ»-и Амирбек Мӯсозода дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ барандаи ҷоиза гардид.

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ силсилаи асарҳои тасвирии «Президент — кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома»-и Олим Рабизода, ки аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, соҳиби ҷоиза шуд.

Китоби «Як каф гандум»-и Азизи Азиз бо пешниҳоди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон низ ҷоиза ба даст овард.

Дар бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ тарҷумаҳои Одил Икром — «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурӯғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тӯр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол соҳиби мукофот шуданд. Тарҷумаи ин асарҳо аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пешниҳод гардидааст.

Инчунин, Ато Ҳамдам, Ҷӯра Ҳошимӣ ва Муҳтарам Ҳотам бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон сарафроз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *