Хуҷанд: «Ду қалби ҳамгиро» дар АРТ-Галерияи «Сомониён»
Дар толори АРТ-Галерияи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши эҷодиёти мусаввири варзида, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Русия Саид Ашрапов таҳти унвони «Ду қалби ҳамгиро» баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, консули Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид бо маҳсули эҷодиёти ин рассоми моҳир ва номвар ошноӣ пайдо намуданд.
Саид Ашрапов омўзгор, мусаввир, дизайнери машҳури на фақат Тоҷикистон, балки Федератсияи Русия буда, устоди садҳо нафар рассоми ҷавону номвар мебошад. Мавсуф 16 сол инҷониб дар Коллеҷи рассомии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба донишҷўён ҳунари рассомиро меомўзонад ва дар офаридани садҳо номгўйи асарҳои ифодакунандаи таъриху табиати мулки рус ҳиссаи босазо гузоштааст.
Саид Ашрапов дастпарвари муассисаҳои олии Душанбе ва Тошканд буда, дар якчанд намоиши асарҳои сатҳи байналхалқӣ иштирок намудааст. Маҳсули ҳунари ў дар осорхонаҳои ИМА, Чин, Туркия, Италия, Канада, Русия, Исроил, Канад, Ҳиндустон ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешавад. Соҳиби ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, садҳо адад мукофотҳои соҳавиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дарёфтааст. Бо маҳсули эҷоди худ дар таҳкимии дўстии Тоҷикистон ва Русия нақши муносиб гузоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ