Хуҷанд: Иштироки беш аз 25 ҳазор нафар дар Дави миллӣ

Дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд беш аз 25000 нафар сокинони касбу кори гуногун дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ сарҷамъ гардида, дар Дави миллӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, қабл аз оғози чорабинии варзишӣ муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар назди иштирокчиёни Дави миллӣ суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату ҳукумат нисбат ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Дави миллӣ аз соли 2007 инҷониб дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

— Сипас, Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз ёфта, сокинону варзишгарон тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва пули «Ҷашнӣ» то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳаракат намуданд. Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадршиносии фаъолони чорабиниҳои варзиши Дави миллӣ ва велосипедронӣ сурат гирифта, ба иштирокчиёни фаъол сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *