Хатлон: Иштироки 12 000 нафар дар Дави миллӣ

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Дави миллӣ бо иштироки 12 ҳазор нафар баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинии варзишӣ шумораи занону бонувони иштироккунанда кам набуд. Танҳо аз ҳисоби занону бонувон 4 ҳазору 400 нафар ширкат варзиданд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар инфтитоҳи Дави миллӣ гуфт, ки саҳми ҷавонон дар рушди варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бузург аст. Ӯ афзуд, ки ба хотири ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим имрӯз шароити муносиб барои машқу тамрин фароҳам оварда шудааст. “Варзишгарони вилоят дар беш аз 26 чемпиноат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 120 медали тилло, 107 медали нуқра, 145 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 372 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 151 медал зиёд мебошад”,- таъкид кард вай.

Бояд гуфт, ки Дави миллӣ дар се бахш, марафони дучархаронӣ, марафон миёни наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ гузаронида шуд. Дар охир ғолибон бо ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *