Файзобод: 15 соли зиндон барои бо табар задани вакил (аудио)

Прокуратураи генерелии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як сокини ноҳияи Файзобод бо гуноҳи бо табар задани вакили деҳа ба 15 сол зиндони низомаш сангин маҳкум гардид.Аслан, ҳодиса моҳи октябри соли 2021 рух додааст, аммо ҳукми суд моҳи апрели соли равон содир шуд.

Дафтари матбуоти Прокуратураи генерелии Тоҷикистон рӯзи 13 май иттилоъ дод, ки Нуриддин Камолов, сокини деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод  24-уми октябри соли гузашта вакили деҳа Қурбоналӣ Давлатовро барои роҳнамоӣ кардани маъмурони Хадамоти оташнишонӣ ба хонааш бо табар задааст.

Он замон Камоловро ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ бо истифода аз асбоби худсохт муттаҳам карданд. «Нуриддин Камолов бо табар ба Қурбоналӣ Давлатов ҳамла кардааст, ки дар натиҷа гарданаш захм бардошта, дасташ шикаст,» – омадааст дар  иттилоия.

Парвандаи  ин сокини ноҳияи Файзобод дар асоси моддаи «сӯиқасд ба куштор» баррасӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *