Хуҷанд: Наҷоти марде, ки қасди худкушӣ дошт

Имрӯз, 18-уми октябр марде аз болои пул худро ба дарёи Сир партофт. Ҳодиса тақрибан соати 9:22-и саҳар рух додааст.

Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Pressa tj иттилоъ доданд.

 Бино ба маълумоти сармутахассиси ин раёсат Дилафрӯз Маҳкамова, наҷотдиҳандаи бахши раёсат Рустам Сангинов саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, шаҳрванди ғарқшударо аз марг наҷот дод.

Гуфта шуд, ки марди наҷотёфта сокини шаҳри Хуҷанд буда, 49 — сола аст. Эҳтимол аст, ки ӯ бо мақсади худкушӣ худро ба дарё партофтааст.

 Баъди расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ мард бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба беморхона интиқол ёфтааст.

Сабабҳои даст задани мард ба ин амал аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дақиқ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар давоми 9 моҳи соли равон ин 6-умин ҳолати худро аз болои купрӯк ба дарё партофтани сокинон мебошад, ки ҳамаи онҳо зинда наҷот дода шуданд.

 Дар маҷмуъ, дар ин давра наҷотдиҳандагони бахши Раёсати КҲФ-и вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд 15 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ зинда наҷот додаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра 4 ҳолати фавти сокинон дар дарёи Сир ба қайд гирифта шуда, 2 нафарашон ноболиғ мебошанд.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *