Хуҷанд: Намояндаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тирпарронӣ карданд
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, худшиносӣ ва худогоҳии онҳо ва тибқи нақшаи чорабинии якҷояи шуъбаи маориф, ТҶММ-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарби варзишии оид ба намуди тирпарронии «Нишонзани беҳтарин» байни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар мусобиқа намояндагони 33 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, дар натиҷа дастаҳо ба чунин нишондод сазовор гардидаанд:
Ҷойи 1 — дастаи МТМУ 31;
Ҷойи 2 — дастаи МТМУ 19;
Ҷойи 3 — дастаи МТМУ 18.
Ғолибони мусобиқа бо ҷом, медал, диплом ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ