Сайёҳӣ дар Русия қариб пурра барқарор шудааст

Муовини сарвазири Русия Дмитрий Чернишенко суръати эҳёи соҳаи сайёҳии кишварро назаррас арзёбӣ кардааст. «Ба гуфтаи ӯ, ин соҳа қариб пурра барқарор шудааст»,- хабар медиҳад «ТАСС».

Чернишенко гуфтааст, ки сайёҳӣ дар Русия ҳоло назар ба сатҳи пеш аз пандемия 87 дарсад барқарор шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли гузашта 89 миллион мусофир парвозҳои дохилиро анҷом додаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 22 дарсад бештар аст.

Қаблан коршиносон минтақаҳои пешрави сайёҳии дохилиро дар Русия ном бурда буданд. Ба онхо вилояти Калинин бо сардории Антон Алихонов ва вилояти Нижний Новгород, ки онро Глеб Никитин сарварӣ мекунад, дохил мешуданд.

Сарвазири Русия Михаил Мишустин барномаи рушди сайёҳӣ дар ин кишварро то соли 2030 тасдиқ кард. Ҳадафҳои асосии он рушди инфрасохтори муосир барои саноат, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва сайёҳии оммавӣ, фароҳам овардани фазои бехатар ва бароҳат барои саёҳат дар саросари кишвар мебошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.