Хуҷанд: Нархи об боз боло рафт

Давоми як соли охир бори дуюм аст, ки нархи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд боло бурда шуд. Аз “Хуҷандобуканал” тасдиқ карданд, ки нархи об 15% боло бурда шуд.

Тибқи нархномаи нав шуруъ аз 1-уми август дар шаҳри Хуҷанд як куб (1 мукааб) оби нӯшокӣ чунин нарх хоҳад дошт:

— барои аҳолӣ — 1,66 сомонӣ;

— барои ташкилотҳои буҷетӣ — 2,82 сомонӣ;

— барои ташкилотҳои ҳисоби буҷетӣ — 8,86 сомонӣ.

То ин замон қимати оби нӯшокӣ дар Хуҷанд барои аҳолӣ 1,44 сомонӣ ва ҳақи хизматрасонии партов (канализатсия) 0,96 сомонӣ буд.

Гуфта мешавад, ки дар баробари об ҳақи хизматрасонии партов (канализатсия) низ баланд шудааст.

Мутобиқи нархномаи нав, ҳақи хизматрасонии як метри мукааб рафъи партов (канализатсия) чунин аст:

— барои аҳолӣ — 1,10 сомонӣ;

— барои ташкилотҳои буҷетӣ — 1,66 сомонӣ;

— барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ — 2,35 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки давоми як соли охир ин бори дуюм аст, ки нархи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд боло бурда мешавад. Қаблан ин нархнома 20% боло рафта буд.

Хайрулло Бобоев, директори генералии КВД “Хуҷандобуканал” сабаби боло бурдани нархҳоро ба баландшавии арзиши сӯзишворӣ ва нархи қувваи барқ рабт медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *