Хуҷанд: Амалиёти дастгиркунии «Маҳбусони фирорӣ»

Сокинони шаҳри Хуҷандро субҳи 7 май ҳузури густардаи нирӯҳои милиса ва низомиҳо аз микрорайони 3 то микрорайони 20 ба таҳлука андохт. Маълум шуд, ки дар инҷо амалиёти боздошти маҳбусони фирориро машқ мекардаанд.

Субҳи 3 май нирӯҳои милиса ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро дар шаҳри Хуҷанд бо бонги изтироб ба ҳолати омодабош оварданд ва дар даромадгоҳҳои шаҳр ва қад-қади Сирдарё – аз микрорайони 3 то микрорайони 20 – дар кӯчаҳои посгоҳҳои иловагӣ пайдо шуданд.

Сокинони Хуҷанд, ки соли гузашта ду дафъа дар пайи фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3 шоҳиди чунин ҳузури густардаи мақомот ва мошинҳои КАМАЗи пур аз нирӯҳои силоҳбадаст дар кӯчаҳои шаҳр шуда буданд, фикр карданд, ки боз кадоме аз маҳбас фирор кардааст.

Аммо дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфт, дар шаҳри Хуҷанд субҳи 3 май амалиёти «Дастгиркунӣ” баргузор кардаанд. Тибқи сенарияи ин амалиёт, 5 маҳбуси шартӣ аз зиндон фирор мекунанд ва мақомоти интизомӣ бояд онҳоро пайдо ва дастгир кунанд. Нақши маҳбусони фирориро худи кормандони милиса иҷро кардаанд.

Мӯҳсин Юсуфов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфт, ба ин машқ кормандони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён низ ҷалб шуданд.

Ба гуфтаи мақомот, ин машқ бомуваффақият анҷом ёфт ва ҳамаи маҳбусони фирории шартӣ дастгир карда шуданд.

Аммо мақомот аз баргузории чунин машқ сокинони Хуҷандро аз қабл огоҳ накардаанд ин боиси эҷоди таҳлука дар байни мардум шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *