Ки парчами миллиро канд?

Мирзоқулов Шаҳобиддин ном шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ қаровули муассисаи таълимии рақами 4-и ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич гунаҳкори асосии кандани парчами Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дониста шуд. Маълум аст, ки шаби 13-ум ба 14-уми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Деваштич байрақи Тоҷикистон, ки дар баландии тақрибан 3 метр афрохта шударо канда рафта буданд.

Сабаби асосии канда шудани байрақи Тоҷикистони соҳибистиқлол маълум набошад ҳам дар байни мардуми маҳалли оиди шахсони номаълум ба ҷои парчами Тоҷикистон  парчами сиёҳи гуруҳи террористии бо ном “Давлати исломӣ”-ро гузоштанашон овозаҳо паҳн шудааст. Чанд вақт пеш дар ноҳияи Шаҳритуз чунин ҳодиса рух дода, шабона шахсони номаълум байрақи сиёҳро гузошта рафта будаанд.

Гунаҳкори асосии кандани парчами Тоҷикистон қаровули муассисаи таълимии рақами 4-и ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич дониста, аз вазифааш барканор шуд. Зарари расонидашудаи моддиро барқарор кардан низ ба зиммаи Мирзоқулов Шаҳобиддин гузошта шуд. Вале собиқ қаровул айби худро ба зимма нагирифтааст. Ҳатто иштироки худро дар ҳодисаи кандани байрақи Тоҷикистонро инкор мекунад. Бино ба гуфтаҳои ӯ гунаҳкори ҳақиқӣ ошкор нашудааст.

Сабаби асосии то ҳол ошкор нашудани аз тарафи ки канда шудани байрақи Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ҳамон шаб камераи назорати кушта шуда буд. Камераи назоратӣ танҳо аз утоқи кории директори муассиса кушта ва гирён карда мешудааст.

То ҳол сабаби ҳамон шаб кушта шудани камераи назоратӣ аз тарафи раҳбари муассиса маълум нест. Гарчанд ягон гуноҳи қаравул исбот нашуда бошад ҳам аз тарафи раҳбари муассиса Ботир Саломов, ки ба наздики ба ин вазифа омадааст, гунаҳкори асосӣ қаравул дониста шудааст. Вале касе аз худи раҳбари муассиса сабаби ҳамун шаб кушта шудани камераи назоратиро    -пурсон нашудааст. Дигар ин ки чаро маҳз ҳамон шаб камераи назоратӣ аз тарафи раҳбари муассиса кушта шуда буд?

Ёдовар мешавем, ки парчамро пеш аз ҷашни наврӯз, тахмин 17-18 март канда буданд. Аслан парчами мазкур дар баландии 3 метр тақрибан 3-4 моҳ пештар дар назди бинои муассисаи таълимии рақами 4-и ҷамоати Муҷун афрохта шуда буд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *