«Хуҷанд» боз ғалаба кард
Бегоҳии 17 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд вохӯрии даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор гардид. Ин бозии ҷолиб бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.
Капитани хуҷандиҳо Манучеҳр Аҳмадов ба дарвозаи меҳмонон ду тӯб ворид намуда, дубл кард ва пирӯзии дастаашонро таъмин намуд.
Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, ҳисобро дар дақиқаи 19-ум муҳофизи мизбонон Манучеҳр Ахмедов кушод. Дар дақиқаи 36-ум меҳмонони регарӣ бо талошҳои Комрон Турсунов ҳисобро баробар кард -1:1.
Дар қисми дуюм «Хуҷанд» боз пеш баромад. Голи дуюмро аз партофти кунҷӣ муҳофизи маказии хуҷандиҳо Хуршед Бекназаров бо зарби сараш ба тӯр расонд. Меҳмонон дар дақиқаи 76-ум барои боз баробар кардани ҳисоб мувафффақ гардиданд. Ин дафъа Шодибек Ғаффоров чусту чолокӣ ва маҳорати хуб нишон дод. Аммо дар дақиқаҳои иловагии 90+8 Манучеҳр Аҳмадов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра хисобро ба 3:2 расонд.
Баъди ин ғалаба «Хуҷанд» бо 30 хол дар ҷадвали мусобиқа мавқеи сеюмро бо дилпурӣ аз худ кард. Ҷойи дуюмро бо 33 хол КМВА «Помир» ишғол кардааст. Дар садри ҷадвал «Истиқлол»-и Душанбе бо 39 хол бегазанд истодааст ва назар ба ҳарифон 4 бозӣ камтар гузарондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ