Кӯли ҷавонон торафт ифлос мешавад

Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе, ки айни замон низ бештар бо номи «Кӯли комсомол» маъруфият дорад,  мавзеи писандидаи сокинони пойтахти кишвар ва меҳмонон мебошад. Дар фасли тобистон ва рӯзҳои гарми тирамоҳ ҳар рӯз ҳазорон нафар барои фароғату оббозӣ ба ин ҷо меоянд.

Дар назари аввал оби Кӯли ҷавонон софу тоза менамояд. Аммо ин вазъиятро дар тамоми масоҳати кӯл мушоҳида карда наметавонем. Бахусус, дар қисматҳои шимолу ғарби соҳилҳои кӯл, ки дар рӯ ба рӯяшон мактаби варзишии қаиқронӣ  ва меҳмонхонаи овозадори «Ҳайат реҷенси» ҷойгиранд, обсабзаҳо анбӯҳ сабзида, болои обро баклашкаю хасу хошок ва пасмондаҳои коғазу селофан пӯшонидааст ва об бӯйи ғализи ботлоқ мекунад. Ин аҳвол метавонд ба вазъи санитарию экологии обанбори мазкур ва саломатии мардум таъсири манфӣ расонад. Ба гумон аст, ки ин манзараи номатлуб  аз назари масъулони Кӯли ҷавонон ва идораи санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дур монда бошад, аммо чаро баҳри бартарафсозии партову обсабзаҳо ҳавсала зоҳир намекунанд? Ё фаромӯш кардаанд, ки ин кор вазифаи ҷонии онҳост?

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *